[Эй муъминон] Ба зудӣ [гурӯҳи] дигаре [аз мунофиқон]-ро хоҳед ёфт, ки [зоҳиран] мехоҳанд аз шумо ва қавми худ дар амон бошанд, ва [-ле] ҳар гоҳ ба фитнаи [ширк] бозгардонда шаванд, дар он фурӯ мераванд. Пас, агар аз шумо канора нагирифтанд ва аз дари сулҳу оштӣ ворид нашуданд ва даст аз [ҷанг бо] шумо барнадоштанд, он гоҳ ононро ҳар куҷо ёфтед, дастгирашон кунед ва бикушедашон. Онон ҳастанд, ки мо барои шумо алайҳи эшон далели ошкор [барои дастгирӣ ва қатлашон] қарор додаем
الترجمة الطاجيكية - عارفي
91. Гурӯҳе дигареро аз мунофиқон хоҳед ёфт, ки мехоҳанд, ки аз ҷониби шумо дар амон бошанд, пас бароятон имонро зоҳир мекунанд ва мехоҳанд, ки аз ҷониби қавмашон дар амон бошанд, пас барояшон куфрро зоҳир мекунанд. Ҳар гоҳ ба сӯи куфр ва ахди он хонда шаванд, дар он фурӯ мераванд (яъне, ҳамеша бар куфр ва нифоқи худ боқӣ ҳастанд), пас агар аз шумо канорагирӣ накарданд ва ба шумо пешниҳоди сулҳ нанамуданд ва аз ҷанг бо шумо даст бардоштанд, онҳоро асир бигиред ва ҳар куҷо ононро ёфтед, бикушед. Онон касоне ҳастанд, ки мо далели ошкоре бар қатл ва асир гирифтани онҳо ба шумо додаем.
الترجمة الطاجيكية
سَتَجِدُونَ ءَاخَرِينَ يُرِيدُونَ أَن يَأۡمَنُوكُمۡ وَيَأۡمَنُواْ قَوۡمَهُمۡ كُلَّ مَا رُدُّوٓاْ إِلَى ٱلۡفِتۡنَةِ أُرۡكِسُواْ فِيهَاۚ فَإِن لَّمۡ يَعۡتَزِلُوكُمۡ وَيُلۡقُوٓاْ إِلَيۡكُمُ ٱلسَّلَمَ وَيَكُفُّوٓاْ أَيۡدِيَهُمۡ فَخُذُوهُمۡ وَٱقۡتُلُوهُمۡ حَيۡثُ ثَقِفۡتُمُوهُمۡۚ وَأُوْلَـٰٓئِكُمۡ جَعَلۡنَا لَكُمۡ عَلَيۡهِمۡ سُلۡطَٰنٗا مُّبِينٗا
Гурӯҳи дигареро хоҳед ёфт, ки мехоҳанд аз шумо ва қавми худ дар амон бошанд, инҳо хар гоҳ, ки ба куфр даъват шаванд, ба он бозгарданд. Пас агар худро ба каноре накашанд ва сулҳ накунанд ва аз аъмоли хеш бознаистанд, ононро ҳар ҷо, ки ёфтед, бигиреду бикушед, ки шуморо бар онон ҳуҷҷате ошкор додаем!
Tajik - Tajik translation