Ва [мушрикон] барои Аллоҳ таоло шариконе аз ҷин қоил шудаанд, ҳол онки [Аллоҳ таоло худ] онҳоро офаридааст.Ва[ҳамчунин] аз рӯйи нодонӣ барояш [фарзандон] писару духтар месозанд. Ӯ аз он чи васф мекунанд, поку бартар аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
100. Мушрикон дар ибодат карданашон барои Аллоҳ шариконе аз ҷин қарор доданд ва эътиқодашон ин буд, ки онҳо нафъ ё зараре расонда метавонанд ва ҳол он ки ҷинро Аллоҳ офаридааст. Аллоҳ, ки дар офариниши махлуқоташ касеро шарик нагирифт, инчунин дар ибодаташ касеро бо худ шарик муқаррар насохт. Ва аз рӯи нодонӣ барои Ӯ писарону духтарон нисбат доданд. Ӯ пок аст ва болотар аст аз он чӣ васфаш мекунанд! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 11/10
____________________
1. Тафсири Табарӣ 11/10
الترجمة الطاجيكية
وَجَعَلُواْ لِلَّهِ شُرَكَآءَ ٱلۡجِنَّ وَخَلَقَهُمۡۖ وَخَرَقُواْ لَهُۥ بَنِينَ وَبَنَٰتِۭ بِغَيۡرِ عِلۡمٖۚ سُبۡحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يَصِفُونَ
Барои Худо шариконе аз ҷин қарор доданд ва ҳол он ки ҷинро Худо офаридааст. Ва бе ҳеҷ донише ба дурӯғ духтароневу писароне барои Ӯ тасаввур карданд. Ӯ пок аст ва болотар аст аз он чӣ васфаш мекунанд!
Tajik - Tajik translation