Ва ин [Қуръон] китоби мубораке аст, ки онро нозил кардем, [то] тасдиқкунандаи чизе бошад, ки пеш аз он нозил шудааст ва [ҳамчунин] барои он аст, ки ба [сокинони] Умму-л-қуро [Макка] ва [мардуми] перомунаш ҳушдор диҳӣ.Ва касоне, ки ба охират имон меоваранд, ба ин [китоб] низ имон меоваранд ва бар намози хеш мувозибат мекунанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
92. Ин Қуръон китобест, ки фиристодем онро бобаракат, ки тасдиқкунанда аст китобҳои пешинаро ва то бим кунем аҳли Маккаро ва сокинони тамоми заминро. Касоне, ки ба рӯзи қиёмат имон доранд, боварӣ доранд, ки Қуръон каломи Аллоҳ аст. Ва намозашонро дар вақташ адо мекунанд. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/168
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/168
الترجمة الطاجيكية
وَهَٰذَا كِتَٰبٌ أَنزَلۡنَٰهُ مُبَارَكٞ مُّصَدِّقُ ٱلَّذِي بَيۡنَ يَدَيۡهِ وَلِتُنذِرَ أُمَّ ٱلۡقُرَىٰ وَمَنۡ حَوۡلَهَاۚ وَٱلَّذِينَ يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ يُؤۡمِنُونَ بِهِۦۖ وَهُمۡ عَلَىٰ صَلَاتِهِمۡ يُحَافِظُونَ
Ин аст китобе муборак, ки нозил кардаем, тасдиқкунандаи чизест, ки пеш аз он нозил шудааст. То бо он мардуми уммулқуро ва мардуми атрофашро бим диҳӣ. Касоне, ки ба рӯзи қиёмат имон доранд, ба он низ имон доранд. Инҳо ҳифзкунандаи намозҳои хешанд.
Tajik - Tajik translation