Ва кист ситамгортар аз он ки дурӯғе ба Аллоҳ таоло бибандад ё бигӯяд: «Ба ман [низ] ваҳй шудааст», дар ҳоле ки ҳеҷ ваҳйе ба ӯ нарасидааст ва [ё] касе, ки бигӯяд: «Ман [ҳам] монанди он чи ки Аллоҳ таоло нозил кардааст, [бароятон] нозил мекунам»? Ва [эй паёмбар, саҳнаи ҳавлноке аст] агар ҳангомеро бубинӣ, ки [ин] ситамгорон дар [тарсу] сахтиҳои марг фурӯ рафтаанд ва фариштагон [-и қабзи рӯҳ] дастҳояшонро [ба сӯйи онон] кушудаанд [ва фарёд мезананд]: «Ҷонҳои хешро [аз бадан] берун диҳед. Имрӯз ба [сазои] он чи ба ноҳақ бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебастед ва дар баробари оёташ такаббур мекардед, ба азоби хоркунанда муҷозот мешавед»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
93. Кист ситамкортар аз он кас, ки ба Аллоҳ дурӯғ баст ё гуфт, ки ба ман ваҳй шуда ва ҳол он ки ба ӯ ҳеҷ чиз ваҳй нашуда буд ва он кас, ки гуфт: «Ман низ монанди оёте, ки Аллоҳ нозил кардаст, нозил хоҳам кард?» Агар бубинӣ эй Паёмбар, он гоҳ, ки ин ситамкорон дар сакароти марг гирифторанд ва малоикаҳо бар онҳо даст кушодаанд, ки ҷони хеш берун кунед, имрӯз шуморо ба азоби хоркунандае азоб мекунанд ва ин ҷазо бар он аст, ки дар бораи Аллоҳ ба ноҳақ сухан мегуфтед ва аз оёти Ӯ саркашӣ мекардед. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/264
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/264
الترجمة الطاجيكية
وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا أَوۡ قَالَ أُوحِيَ إِلَيَّ وَلَمۡ يُوحَ إِلَيۡهِ شَيۡءٞ وَمَن قَالَ سَأُنزِلُ مِثۡلَ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُۗ وَلَوۡ تَرَىٰٓ إِذِ ٱلظَّـٰلِمُونَ فِي غَمَرَٰتِ ٱلۡمَوۡتِ وَٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ بَاسِطُوٓاْ أَيۡدِيهِمۡ أَخۡرِجُوٓاْ أَنفُسَكُمُۖ ٱلۡيَوۡمَ تُجۡزَوۡنَ عَذَابَ ٱلۡهُونِ بِمَا كُنتُمۡ تَقُولُونَ عَلَى ٱللَّهِ غَيۡرَ ٱلۡحَقِّ وَكُنتُمۡ عَنۡ ءَايَٰتِهِۦ تَسۡتَكۡبِرُونَ
Кист ситамкортар аз он кас, ки ба Худо дурӯғ баст ё гуфт, ки ба ман ваҳй шуда ва ҳол он ки ба ӯ ҳеҷ чиз ваҳй нашуда буд ва он кас, ки гуфт: «Ман низ монанди оёте, ки Худо нозил кардаст, нозил хоҳам кард?» Агар бубинӣ, он гоҳ, ки ин ситамкорон дар сакароти марг гирифторанд ва малоика бар онҳо даст кушодаанд, ки ҷони хеш берун кунед, имрӯз шуморо ба азобе хоркунанда азоб мекунанд ва ин ба ҷазои он аст, ки дар бораи Худо ба ноҳақ сухан мегуфтед ва аз оёти Ӯ сарпечӣ мекардед.
Tajik - Tajik translation