ﰡ
1. Сураест, ки онро нозил кардаем ва воҷиб сохтаем амал кардан ба аҳкоми онро ва дар он оёти равшане фиристодаем, эй мӯъминон бошад, ки панд гиред.
2. Ҳар яке аз зану марди зинокорро(1) сад зарба бизанед. Ба агар ба Аллоҳу рӯзи қиёмат имон доред, бояд, ки дар ҳукми Аллоҳ нисбат ба он ду раҳмдил нагардед. Ва бояд ки
ба ҳангоми шиканҷа карданашон гурӯҳе аз мӯъминон ҳозир бошанд, то ҳӯшёр шаванд ва панд гиранд.
____________________
1. Онҳое, ки дар ҳаёташон хонадор нашудаанд. Тафсири Саъдӣ 1/ 561
3. Марди зинокор ҷуз зани зинокор ё мушрикро намегирад ва зани зинокорро ҷуз марди зинокор ё мушрик намегирад. Ва ин бар мӯъминон ҳаром шудааст.(1)
____________________
1. Ин оят далел мешавад бар ҳаром будани никоҳи занони зинокор, то тавба кунанд. Тафсири Саъдӣ 1/ 561
4. Касонеро, ки занони покро(1) ба зино мутаҳҳам мекунанд ва чаҳор шоҳид намеоваранд, ҳаштод дарра бизанед ва аз он пас ҳаргиз шаҳодаташонро напазиред, ки мардуми фосиқанд.
____________________
1. Ва инчнин мардони покро. Тафсири Саъдӣ 1\561
5. Ғайри касоне, ки баъд аз он тавба кунанд ва амалашонро ислоҳ намоянд. Зеро Аллоҳ омурзандаву меҳрубон аст!
6.Ва касоне, ки занони худро ба зино муттаҳам мекунанд ва шоҳиде ҷуз худ надоранд, бояд ки савганд хӯранд ба номи Аллоҳ чаҳор бор, ҳамоно ки ӯ аз росттӯён аст.
7. Ва бори панҷум бигӯяд, ки лаънати Аллоҳ бар ӯ бод, агар аз дурӯғгӯён бошад.
8. Ва агар он зан чаҳор бор ба Аллоҳ савганд хӯрад, ки ҳамоно он мард дурӯғ мегӯяд, ҷазо аз ӯ бардошта мешавад.
9. Ва бори панҷум бигӯяд, ки хашми Аллоҳ бар ӯ (бар зан) бод, агар мард аз ростгӯён бошад.(1)
____________________
1. Ва агар зан низ қасам хӯрад дар муқобили қасами шавҳараш, қозӣ он ҳар дуро аз якдигар ҷудо мекунад ва ин моҷароро дар шариат "мулоъана" меноманд. Тафсири Саъдӣ 1/562
10. Чӣ мешуд эй мӯъминон, агар фазлу раҳмате, ки Аллоҳ бар шумо арзонӣ доштааст, намебуд, ҳароина, нобуд мешудед? Ба ҳароина, Аллоҳ тавбапазиру ҳаким аст.
11. Касоне, ки он дурӯғи бузургро сохтаанд,(1) гурӯҳе аз шумоянд. Мапиндоред, ки шуморо дар он бадие бувад. Балки, хайри шумо дар он бувад. Ҳар марде аз онҳо ба
он андозаи гуноҳе, ки кардааст, ба ҷазо расад ва аз миёни онҳо, он ки бештарини ин бӯҳтонро ба ӯҳда дорад, ба азобе бузург гирифтор хоҳад шуд.(2)
____________________
1. Яъне, модарамон, Оиша разияллоҳу анҳоро ба фоҳишагарӣ туҳмат карданд. Тафсири Табарӣ 19/116 2. Он шахс сардори мунофиқон Абдулло бини Убай ибни Салул аст. Тафсири Табарӣ 19/116
12. Чаро ҳангоме ки он бӯҳтонро шунидед, мардону занони мӯъмин ба худ гумони нек накарданд ва нагуфтанд, ки ин тӯҳмате ошкор аст?
13. Чаро чаҳор шоҳид бар даъвои худ наёварданд? Пас, агар шоҳидоне наёвардаанд, дар назди Аллоҳ аз зумраи дурӯггӯёнанд.
14. Агар фазлу раҳмати Аллоҳ дар дунёву охират намебуд, ба сазои он суханон, ки мегуфтед, шуморо, ҳатман азоби бузурге дармерасид.
15. Он гоҳ ки он сухани ботилро аз даҳони якдигар мегирифтед ва чизе бар забон мерондед, ки дар бораи он ҳеҷ намедонистед ва мепиндоштед, ки кори хурде аст ва ҳол он ки дар назди Аллоҳ кори бузурге буд,
16. чаро он гоҳ ки ин суханро шунидед, нагуфтед: «Моро нашояд, ки онро бозгӯем, Парвардигоро, Ту покӣ, ин тӯҳмати бузурге аст дар ҳаққи ҳамсари Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва саллам?»
17. Аллоҳ таоло шуморо наҳй мекунад ва панд медиҳад, ки агар аз мӯъминон ҳастед, бори дигар гирди чунон коре магардед.
18. Ва Аллоҳ таоло аҳкоми оётро барои шумо баён мекунад ва Аллоҳ доно аст бар кирдори шумо ва дар тадбири кори халқаш ҳаким аст!
19. Барои касоне, ки дӯст доранд дар бораи мӯъминон тӯҳмати зино паҳн шавад, ҳароина, дар дунё ҷазои шаръӣ ва дар охират азоби дардоваре муҳайёст(1). Аллоҳ медонад ҳақиқати ҳар чизеро ва шумо намедонед!
____________________
1. Дар дунё ба онон ҳаштод дурра зада мешавад ва дар охират ҷояшон дӯзах аст, агар тавба накунанд. Тафсири Табарӣ 19/133
20. Агар фазл ва раҳмати Илоҳӣ шомили ҳоли шумо намешуд ва агар Аллоҳ таъоло нисбат ба шумо меҳру муҳаббат намедошт, баён намекард ин аҳком ва мавъизаҳоро ва тезй мекард дар азоб кардани онҳое,
ки амрҳои Ӯро мухолифат мекунанд.
21. Эй касоне, ки имон овардаед, пой ба ҷои пойи шайтон магузоред(1). Ва ҳар ки пой ба ҷои пойи шайтон гузорад, бидонад, ки ӯ ба фаҳшову мункар (корҳои бад) фармон медиҳад. Ва агар фазлу раҳмате, ки Аллоҳ бар шумо арзонӣ доштааст, намебуд, ҳеҷ як аз шумо аз гуноҳ пок намешуд. Лекин ҳароина, Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, покиза месозад. Ва Аллоҳ шунавою доност!
____________________
1. Яъне, бо роҳҳои шайтон. Тафсири Саъдӣ 1/563
22. Ва бояд, ки бузургону тавонгарони шумо бар он савганд нахӯранд, ки чизе ба хешовандону мискинон ва муҳоҷирони дар роҳи Аллоҳ надиҳанд.(1)
Бояд бибахшанду гузашт бикунанд. Оё намехоҳед, ки шуморо Аллоҳ биёмурзад? Ва Аллоҳ аст омурзандаи меҳрубон.
____________________
1. Баъд аз тӯҳмат задан ба Оишаи Сиддиқа (разияллоҳу анҳо) Абубакри Сиддиқ (разияллоҳу анҳу) аз нафақа додан ба Мистаҳ, ки фақиру нодор ва аз ҷумлаи хешонаш буд, даст кашид, зеро Мистаҳ яке аз паҳнкунандагони ин тӯҳмати носазо буд. Баъд аз нузули ин оят Абубакр (разияллоҳу анҳу) дубора ба Мистаҳ нафақа муқаррар кард. Тафсири Саъдӣ 1/ 563
23. Ҳароина, онон, ки занони покдомани бехабари мӯъминро тӯҳмати зино мезананд, дар дунёву охират лаънат шудаанд ва барояшон азоби бузург аст.
24. Рӯзе, ки забонашон ва дастҳояшону пойҳояшон ба зиёнашон бар корҳое, ки мекардаанд, шаҳодат диҳанд.
25. Он рӯз, ки Аллоҳ ҷазояшонро ба пуррагӣ бидиҳад ва бидонанд, ки ҳаройна, Аллоҳ таоло барҳақу ошкор аст.
26. Занони нопок барои мардони нопок ва мардони нопок барои занони нопок ва
занони пок барои мардони пок ва мардони пок барои занони пок. Онҳо аз он чи дар бораашон мегӯянд, поканд. Омурзишу ризқи некӯ дар ҷаннат барои онҳост!
27. Эй касоне, ки имон овардаед, ба хонае ғайр аз хонаи худ, бе он ки иҷозат талабида ва бар сокинонаш салом(1) карда бошед, дохил машавед. Ин барои шумо беҳтар аст, бошад, ки панд гиред.
____________________
1. Яъне: Ассалому алайкум, оё дохил шавам гӯед. Тафсири Саъдӣ 1/ 565
28. Ва агар дар хона касеро наёфтед, дохил машавед, то шуморо рухсат диҳанд.
Ва агар гӯянд: «Бозгардед», бозгардед, ин бароятон покизатар аст. Ва Аллоҳ ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст.
29. Бар шумо гуноҳе нест, агар ба хонаҳое, ки маскани касе нест ва дар он ҷо манфаъате бошад, дохил шавед.(1) Ҳар чиро ошкор созед ё пинҳон доред, Аллоҳ ба он огоҳ аст.
____________________
1. Ба монанди хонаҳое, ки барои мусофирон дар роҳҳо сохта шудааст ё хонаҳои вақф. Тафсири Саъдӣ 1/ 565
30. Бигӯ эй Паёмбар, ба мардони мӯьмин, ки чашмони худ бипӯшанд аз номаҳрамон
ва шармгоҳи худ нигаҳ доранд аз зинову ливота. Ин барояшон покизатар аст. Ҳароина, Аллоҳ ба корҳое, ки мекунанд, огоҳ аст!
31. Ва ба занони мӯъмин бигӯ, ки чашмони худ бипӯшанд аз номаҳрамон ва шармгоҳи худ нигоҳ доранд аз ҳаром ва зинатҳои худро ҷуз он миқдор, ки пайдост, ошкор накунанд ва миқнаъаҳои (рӯймолҳои) худро то гиребон фурӯ гузоранд ва зинатҳои худро ошкор накунанд, ҷуз барои шавҳари худ ё падари худ ё падари шавҳари худ ё писари худ ё писари шавҳари худ ё бародари худ ё писари бародари худ ё писари хоҳари худ ё занони ҳамдини худ ё бандагони (ғулому канизони) худ ё мардони хидматгузори худ, ки рағбат ба зан надоранд ё кӯдаконе, ки аз шармгоҳи занон бехабаранд. Ва низ чунон пой бар замин назананд, то он зинат, ки пинҳон кардаанд, дониста шавад. Эй мӯъминон, ҳамагон ба даргоҳи Аллоҳ тавба кунед, бошад, ки растагор гардед.
32. Хонадор кунонед, ғулому канизони худро, ки солеҳу шоистакор бошанд.(1) Агар фақиру бенаво бошанд, Аллоҳ ба карами худ бодавлату тавонгарашон хоҳад сохт, ки Аллоҳ кушоишдиҳанда ва доност.
____________________
1. Яъне, агар камбағал бошанд ва тарсанд, ки ба сабаби хонадоршавӣ камбағалтар мешаванд. Тафсири Саъдӣ 1/567
33. Онон, ки ба сабаби
камбағалиашон қудрати хонадоршавиро надоранд, бояд покдоманӣ пеша кунанд, то Аллоҳ аз карами хеш тавонгарашон гардонад. Ва аз бандагонатон ононро, ки хоҳони бозхаридани хешанд, агар дар онҳо хайре ёфтед, бозхариданашонро бипазиред. Ва аз он мол, ки Аллоҳ ба шумо арзонӣ доштааст, ба онон бидиҳед. Ва канизони худро агар хоҳанд, ки парҳезгор бошанд, ба хотири сарвати дунявӣ ба зино маҷбур макунед.
Ҳар кас, ки ононро ба зино маҷбур кунад, Аллоҳ барои он канизон, ки ба маҷбурӣ ба он кор водор гаштаанд, омурзандаву меҳрубон аст!
34. Ба таҳқиқ барои шумо оятҳои равшану возеҳ ва қиссаву достонҳои ононе, ки
пеш аз шумо будаанд ва низ барои парҳезгорон панд ва насиҳатҳо нозил кардем.
35. Аллоҳ нури осмонҳову замин аст. Масали нури Ӯ (Қуръон дар дили мӯъмин(1)) чун чароғдонест, ки дар
он чароғе бошад, он чароғ даруни шишае ва он шиша чун ситорае дурахшанда. Аз равғани дарахти пурбаракати зайтун, ки на шарқӣ аст (яъне, офтоб ба он дар охири рӯз бирасад) ва на ғарбӣ аст (яъне, офтоб ба он дар аввали рӯз мерасад, балки дар миёнаи замин аст). Равғанаш аз шафофиаш равшанӣ бахшад, ҳарчанд оташ ба он нарасида бошад. Нуре болои нур аст. Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ба он нур (Қуръон) ҳидоят менамояд ва барои мардум масалҳо меоварад. Ва Аллоҳ таоло бар ҳама чиз доност!(2)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\568 2. Эзоҳ: Ҳосили ин масал, имон монанди нурест, ки ба дили поки мӯъмин дохил мешавад ва ӯро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Тафсири Саъдӣ 1/ 568
36. Он нур фурӯзон аст дар масҷидҳое, ки Аллоҳ рухсат дод арҷмандаш доранд ва номаш дар он ҷо бо намоз ва тиловати Қуръон, тасбеҳу таҳлил ёд шавад ва Ӯро ҳар
бомдоду шабонгоҳ тасбеҳ гӯянд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\569
37. Мардоне, ки ҳеҷ тиҷорат ва хариду фурӯше аз ёди Аллоҳ ва намоз гузоридану закот додан бозашон надорад, аз рӯзи қиёмат, ки дилҳову дидагон аз тарс дигаргун мешаванд, метарсанд.
38. То Аллоҳ ба некӯтар аз он чи кардаанд, ҷазояшон диҳад ва аз бузургии худ бар он бияфзояд ва Аллоҳ ҳар киро хоҳад, беҳисоб ризқ диҳад.
39. Аъмоли кофирон чун саробест дар биёбоне.(1) Шахси ташна обаш пиндорад ва чун ба он наздик шавад, ҳеҷ обе наёбад ва Аллоҳро назди худ ёбад, пас ҷазои ӯро ба пуррагӣ бидиҳад. Ва Аллоҳ зуд ҳисобгиранда ҳаст!
____________________
1. Яъне, он амалҳое, ки кофирон мекунанд ба монанди: силаи раҳм, озод кардани ғуломон гумон мекунанд, ки дар охират фоидаашон мекунад. На, ҳеҷгоҳ барояшон савобе набошад.
40. Ё ки амали кофирон ба монанди торикиҳоест дар дарёи чуқур, ки мепӯшад ин кофирро мавҷ ва бар болои он мавҷи дигарест ва бар болои он мавҷ абри хираест, торикиҳое бар болои якдигар, он тавр ки агар дасти худ берун орад, онро натавонад дид.(1) Ва ҳар киро, Аллоҳ нуре (аз Қуръону суннат) надод, (ки ба он роҳ ёбад,) пас ӯро ҳеҷ нуре нест.
____________________
1. Яъне, болои кофир торикиҳои ширк, гумроҳӣ ва фасоди аъмол, рӯи ҳам омадаанд. Тафсири Саъдӣ 1/569
41. Оё надидаӣ, ки ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст ва низ мурғоне, ки болкушода дар парвозанд, тасбеҳгӯи Аллоҳ ҳастанд? Ҳамаи махлуқотро Аллоҳ таоло донондааст чӣ гуна Ӯро намозу тасбеҳ гӯянд. Ва Аллоҳ ба ҳар коре, ки мекунанд, огоҳ аст!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/ 570
42. Ва хос барои Аллоҳ аст
подшоҳии осмонҳову замин ва бозгашти ҳамагон назди Ӯст.
43. Оё надидаӣ, ки Аллоҳ абрҳоеро ба оҳистагӣ меронад, он гоҳ онҳоро ба ҳам мепайвандад, боз месозадаш рӯ ба рӯ болои ҳам? Пас мебинӣ боронро, ки хориҷ мешавад аз миёни он абр ва фуруд меорад аз ҷониби боло, аз кӯҳҳои абрӣ, ки он ҷоест, жоларо. Пас ҳар киро хоҳад, бо он осеб мерасонад ва аз ҳар кӣ мехоҳад, бозаш медорад.(1) Раъду барқе, ки дар он абр буда қариб аст, ки бибарад нури чашмҳоро.
____________________
1. Мувофиқи ҳикмат ва қазову қадари Худаш. Тафсири Саъдӣ 1/ 570
44. Яке аз нишонаҳои қудрати Аллоҳ таоло ин аст, ки Ӯ шабу рӯзро мегардонад.(1) Бе гумон хирадмандонро дар ин ибратест.
____________________
1. Яъне, чун шаб фаро расад, рӯз меравад ва чун рӯз ояд, шаб меравад.
Тафсири Бағавӣ 6/54
45. Ва Аллоҳ ҳар ҷонвареро аз об биёфарид. Баъзе аз онҳо бар шикам мераванд (мор....) ва баъзе бар ду по мераванд (инсон) ва баъзе бар чаҳор по мераванд (чаҳорпоён). Аллоҳ ҳар чӣ бихоҳад, меофаринад. Ҳароина, Аллоҳ бар ҳар коре тавоност!
46. Ба таҳқиқ дар Қуръон оятҳои равшану возеҳ нозил кардаем ва Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ба роҳи рост (Ислом) ҳидоят мекунад.
47. Ва мунофиқон мегӯянд:
«Ба Аллоҳу паёмбараш имон овардаем ва итоат мекунем». Пас аз он гурӯҳе аз онон бозмегарданд ва ҳукми паёмбарро қабул намекунанд. Ва инҳо имон наёвардаанд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\55
48. Чун онҳоро дар хусуматҳояшон ба сӯи Аллоҳу Паёмбараш даъват кунанд, то миёнашон ҳукм кунад, бинӣ, ки гурӯҳе рӯй мегардонанд.
49. Ва агар ҳақ ба тарафи онҳо бошад, дар ҳол меоянд пеши Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гардан ниҳода.
50. Оё дар дилҳояшон беморист (бемории нифоқ) ё дар шак ҳастанд (аз Паёмбари барҳақ будани Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи вассаллам,) ё бими он доранд, ки Аллоҳу Паёмбараш бар онҳо ситам кунанд?! (Не) Балки, онон худ золиманд!
51. Чун мӯъминони ҳақиқиро дар хусуматҳояшон ба сӯи китоби Аллоҳ ва паёмбараш даъват кунанд, то миёнашон ҳукм кунад, ин ки мегӯянд: «Шунидем ва итоат кардем», инҳо наҷотёфтагонанд. Ва аз аҳли ҷаннатанд.
52. Ва касоне, ки фармонбардории Аллоҳу Паёмбараш мекунанд дар амру наҳй ва аз Аллоҳ метарсанд ва ҳазар мекунанд аз азоби Аллоҳ, пас инҳо комёбанд ба неъматҳои ҷаннат.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\572
53. Ва мунофиқон ба Аллоҳ қасам хӯрданд, қасамҳои сахт, ки агар ба онҳо фармон диҳӣ эй Паёмбар баромадани ба ҷиҳодро, албатта, ҳамроҳи ту ба ҷиҳод раванд. Бигӯ: «Қасами дурӯғ махӯред, тоати шумо маълум аст, ки фақат бо забон аст. Аллоҳ ба корҳое, ки мекунед, ҳароина, комилан огоҳ аст!»
54. Бигӯ эй Паёмбар ба мардум: «Аллоҳро итоат кунед ва паёмбарро итоат кунед. Пас агар рӯй гардонед, ҳароина, бар Паёмбар анҷоми он чизе воҷиб аст, ки бар дӯши вай ниҳода шудаст (яъне, таблиғи рисолат) ва бар шумо ҳам анҷоми чизе воҷиб аст, ки бар дӯши шумо ниҳода шудааст (яъне, итоати содиқона ва ибодати мухлисона). Ва агар ба ӯ итоат кунед, ҳидоят ёбед. Ва бар паёмбар ҷуз расонидани пайғоми Парвардигораш чизи дигаре нест».
55. Аллоҳ ба касоне аз шумо, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ваъда
дод, ки албатта, дар рӯи замин халифаашон созад, чун мардумеро, ки пеш аз онҳо буданд, халифаашон сохт. Ва динашонро, ки худ барояшон писандида аст, ки Ислом аст, устувор созад. Ва ваҳшаташонро ба эминӣ бадал кунад, ҳар вақте ки Маро мепарастанд ва ҳеҷ чизеро бо Ман шарик намекунанд. Ва онҳо, ки баъд аз ин ношукрӣ варзанд, пас онон фосиқонанд (яъне, хориҷ аз тоати Аллоҳанд).(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\59
56. Ва намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва ба паёмбар итоат кунед, шояд ки бар шумо раҳм карда шавад!
57. Ҳаргиз, мапиндор, ки кофирон метавонанд дар ин сарзамин ба ҷое бигурезанд аз азоби Аллоҳ. Ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст ва чӣ бад саранҷомест!
58. Эй касоне, ки имон овардаед, бояд ғуломони шумо ва он фарзандоне, ки ҳанӯз ба балоғат нарасидаанд, дар се вақт аз шумо барои ворид шудан ба хона рухсат талабанд: пеш аз намози субҳ ва ҳангоми зӯҳр, ки либос аз тан берун мекунед ва баъд аз намози хуфтан. Ин се вақт, вақти хилвати шумост.
Дар ғайри ин се вақт нест вуболе на бар шумо ва на бар онҳое, ки назди шумо дохил мешаванд напурсида, чунки баъзеи шумо бар баъзе дигар омаду рафткунандагонед. Аллоҳ оётро инчунин барои шумо баён мекунад. Ва Аллоҳ донову ҳаким аст!(1)
____________________
1. Эзоҳ: Натиҷа аз оят ин аст, ки маҳориму атфол ҳам дар ин се вақти мазкур бояд ки барои дохил шудан иҷозат пурсанд, зеро, мардум либосҳои худро дар ин вақтҳо аз тан мекашанд ва урёну луч мешаванд. Тафсири Табарӣ 19/214
59. Ва чун кӯдакони шумо ба синни балоғат расиданд дар ҳамаи вақтҳо барои даромадан ба маконе, ки падару модар дар он ҷо истироҳат мекунанд, бояд монанди касоне, ки зикрашон гузашт (яъне мисли ба балоғатрасидагон), рухсат талабанд. Аллоҳ таоло оёт ва аҳкоми шариати Худро инчунин равшан ва содда барои шумо баён мекунад. Ва Аллоҳ донову ҳаким аст дар қонунгузорӣ барои бандагонаш!
60. Занони калонсол, ки дигар умеди никоҳ надоранд ба сабаби калонсолӣ ва бешаҳватӣ гуноҳ нест бар инҳо ин ки фурӯ ниҳанд рӯймол ва рӯкашаки худро. Вале зоҳир накунанд мавзеъи ороиши худро ва агар парҳезгорӣ кунанд (яъне, ба нагирифтани рӯймол ва рӯкашак аз сари худ), ин барояшон беҳтар аст.
Ва Аллоҳ таоло шунавову доност!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\547
61. Бар нобино ҳараҷе (гуноҳе) нест ва бар ланг гуноҳе нест ва бар бемор хуноҳе нест барои нарафтан ба ҷиҳод.
Ва бар шумо гуноҳе нест, агар аз хонаи худ ё хонаи падаратон ё хонаи модаратон ё хонаи бародаратон ё хонаи хоҳаратон ё хонаи амакатон ё хонаи аммаатон ё хонаи тағоятон ё хонаи холаатон ё хонае, ки калидҳои он назди шумост (яъне нигаҳбону вакили он хона шумоед) ё хонаи дӯстатон чизе бихӯред. Ва гуноҳе муртакиб нашудаед, агар бо ҳам бихӯред ё ҷудо- ҷудо. Ва чун ба хонае дохил шавед, бар якдигар салом
кунед бо лафзи "ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу". Ин таҳиятест муборак ва покиза аз ҷониби Аллоҳ таоло. Ҳамчунин Аллоҳ таоло оятҳои худро барои шумо баён мекунад, бошад, ки оқилона биандешед!
62. Ҳамоно мӯъминон касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳу паёмбараш имон овардаанд ва чун бо паёмбар дар коре якҷоя бошанд, то аз ӯ рухсат наталабидаанд, набояд бираванд. Онон, ки аз ту эй паёмбар, рухсат металабанд, ҳароина, касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳу Паёмбараш имон овардаанд. Пас, ҳангоме ки аз ту барои баъзе аз корҳояшон рухсат хостанд, бар ҳар як
аз онон, ки хоҳӣ, рухсат бидеҳ ва барояшон аз Аллоҳ омурзиш бихоҳ, ки ҳамоно Аллоҳ таоло бахшояндаву меҳрубон аст!
63. Эй мӯъминон, он чунон ки якдигарро нидо мекунед, паёмбарро нидо накунед (яъне ё Муҳаммад нагӯед, балки бо эҳтирому иззат ба ин лафз эй паёмбари Аллоҳ, ё расулаллоҳ бигӯед). Албатта, Аллоҳ медонад онҳоеро, ки
пинҳонӣ берун мешаванд аз назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам. Бояд ки битарсанд онҳое, ки хилофи ҳукми паёмбар кор мекунанд аз ин ки бирасад ба онҳо ба сабаби хилофкориашон балову мусибате ё бирасад ба онҳо азоби дарднок.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\577
64. Огоҳ бошед, ҳароина, аз они Аллоҳ аст ҳар чи дар осмонҳову замин аст. Медонад, ки шумо бар чи коред. Ва он рӯз, ки ба сӯйи Ӯ бозгардонда шаванд, ононро аз корҳое, ки кардаанд, огоҳ месозад ва ҷазо медиҳад. Ва Аллоҳ ба ҳар чизе доност!