[Юсуф] Гуфт: «Ҳеҷ ғизое барои хӯрдан наздатон намеоваранд, магар он ки пеш аз оварданаш, шуморо аз [кайфияту] ҳақиқаташ огоҳ созам. Ин [ахбори ғайбӣ] аз онҳост, ки Парвардигорам ба ман омӯхтааст. Дар ҳақиқат, ман оини қавмеро, ки ба Аллоҳ таоло имон намеоваранд ва ба [сарои] охират [низ] куфр меварзанд, тарк кардам
الترجمة الطاجيكية - عارفي
37. Гуфт (Юсуф): «Ба шумо ҳеҷ навъ таоме, ки дар хоб дода мешавед, нахоҳад омад, магар хабардор кунам шуморо ба таъбири он, пеш аз он ки далели сидқи ин таъбир дар бедорӣ ба шумо биёяд, чунон ки Парвардигорам ба ман омӯзонидааст. Ҳамоно, ман дини мардумеро, ки ба Аллоҳи якто имон надоранд ва ба рӯзи қиёмат кофиранд, тарк кардаам.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\241
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\241
الترجمة الطاجيكية
قَالَ لَا يَأۡتِيكُمَا طَعَامٞ تُرۡزَقَانِهِۦٓ إِلَّا نَبَّأۡتُكُمَا بِتَأۡوِيلِهِۦ قَبۡلَ أَن يَأۡتِيَكُمَاۚ ذَٰلِكُمَا مِمَّا عَلَّمَنِي رَبِّيٓۚ إِنِّي تَرَكۡتُ مِلَّةَ قَوۡمٖ لَّا يُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَهُم بِٱلۡأٓخِرَةِ هُمۡ كَٰفِرُونَ
Гуфт: «Таъоми рӯзонаи шумо ҳанӯз наомада бошад, ки пеш аз он шуморо аз таъбири он хобҳо, чунон ки Парвардигорам ба ман омӯхтааст, хабар медиҳам. Ман дини мардумеро, ки ба Худои якто имон надоранд ва ба рӯзи қиёмат кофиранд, тарк кардаам.
Tajik - Tajik translation