[Онон] Гуфтанд: «Оё ба ростӣ, ту [ҳамон] Юсуфӣ»? Ӯ гуфт: «[Оре] Ман Юсуфам ва ин бародари ман аст. Яқинан, Аллоҳ таоло бар мо миннат ниҳод. Ба ростӣ, ҳар ки парҳезкорӣ ва шикебоӣ кунад, пас, [бидонад, ки] бе тардид, Аллоҳ таоло подоши накукоронро табоҳ намекунад»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
90. Гуфтанд: «Оё ба ҳақиқат ту Юсуфӣ?» Гуфт: «Ман Юсуфам ва ин бародари ман аст ва Аллоҳ ба мо неъмат дод ва байни моро ҷамъ кард. Ҳамоно ҳар кас, ки парҳезгорӣ кунад ва сабрро пеша кунад, Аллоҳ муздашро нобуд намегардонад, балки беҳтарин подош барояш ато хоҳад кард».(1).
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\274
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\274
الترجمة الطاجيكية
قَالُوٓاْ أَءِنَّكَ لَأَنتَ يُوسُفُۖ قَالَ أَنَا۠ يُوسُفُ وَهَٰذَآ أَخِيۖ قَدۡ مَنَّ ٱللَّهُ عَلَيۡنَآۖ إِنَّهُۥ مَن يَتَّقِ وَيَصۡبِرۡ فَإِنَّ ٱللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجۡرَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ
Гуфтанд: «Оё ба ҳақиқат ту Юсуфӣ?» Гуфт: «Ман Юсуфам ва ин бародари ман аст ва Худо ба мо неъмат дод. Зеро ҳар кас, ки парҳезгорӣ кунад ва сабр намояд, Худо муздашро нобуд намесозад».
Tajik - Tajik translation