Ва дар роҳи Аллоҳ таоло – чунон ки сазовори ҷиҳод [дар роҳи] Ӯст – ҷиҳод кунед. Ӯ шуморо баргузид ва дар дин бароятон ҳеҷ сахтӣ [ва тангное] қарор надод. Оини падаратон Иброҳим [низ чунин буд]. Ӯ [Аллоҳ таоло] пеш аз ин [дар китобҳои осмонии гузашта] ва дар ин [Қуръон] шуморо мусулмон номид, то паёмбар бар [иблоғи паёмаш ба] шумо гувоҳ бошад ва шумо [низ] бар мардум гувоҳ бошед [ки ҳамаи паёмбарон паёми илоҳиро ба қавми худ расонидаанд]. Пас, намоз барпо доред ва закот бипардозед ва ба Аллоҳ таоло паноҳ бибаред [ва бар Ӯ таваккал кунед], ки Ӯ [дӯсту] корсози шумост. Пас, чи наку корсозу чи нек ёварест!
الترجمة الطاجيكية - عارفي
78. Дар роҳи Аллоҳ, ҷиҳод кунед, он гуна ки шоистаи ҷиҳод дар роҳи Ӯст. Ӯ шуморо баргузид. Ва бароятон дар дин ҳеҷ корҳои душвориро бар дӯши шумо нагузоштааст. Дини падаратон Иброҳимро барои шумо ташриъ кардааст. Ӯ пеш аз ин дар китобҳои пешин ва дар ин Қуръон шуморо "мусалмон" номид. То Паёмбар бар шумо гувоҳ бошад ва шумо низ бар дигар мардум гувоҳ бошед.
Пас, намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва ба Аллоҳ ибодат кунед, ки Ӯ ёвар ва сарпарасти шумо аст. Чӣ сарпараст ва сарвари нек ва чӣ мададгор ва кӯмаккунандаи хубе аст!
Пас, намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва ба Аллоҳ ибодат кунед, ки Ӯ ёвар ва сарпарасти шумо аст. Чӣ сарпараст ва сарвари нек ва чӣ мададгор ва кӯмаккунандаи хубе аст!
الترجمة الطاجيكية
وَجَٰهِدُواْ فِي ٱللَّهِ حَقَّ جِهَادِهِۦۚ هُوَ ٱجۡتَبَىٰكُمۡ وَمَا جَعَلَ عَلَيۡكُمۡ فِي ٱلدِّينِ مِنۡ حَرَجٖۚ مِّلَّةَ أَبِيكُمۡ إِبۡرَٰهِيمَۚ هُوَ سَمَّىٰكُمُ ٱلۡمُسۡلِمِينَ مِن قَبۡلُ وَفِي هَٰذَا لِيَكُونَ ٱلرَّسُولُ شَهِيدًا عَلَيۡكُمۡ وَتَكُونُواْ شُهَدَآءَ عَلَى ٱلنَّاسِۚ فَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُواْ ٱلزَّكَوٰةَ وَٱعۡتَصِمُواْ بِٱللَّهِ هُوَ مَوۡلَىٰكُمۡۖ فَنِعۡمَ ٱلۡمَوۡلَىٰ وَنِعۡمَ ٱلنَّصِيرُ
Дар роҳи Худованд, чунон ки бояд ҷиҳод кунед. Ӯ шуморо баргузид. Ва бароятон дар дин ҳеҷ тангное падид наёвард. Дини падаратон Иброҳим аст. Ӯ пеш аз ин ва дар ин шуморо мусалмон номид. То паёмбар бар шумо гувоҳ бошад ва шумо бар дигар мардум гувоҳ бошед. Пас намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва ба Худо ибодат кунед! Ӯст мавлои шумо. Чӣ мавлое неку ва чӣ ёваре некӯ!
Tajik - Tajik translation