Ва агар зане аз носозгорӣ ё рӯйгардонии шавҳараш бим дошт, пас, бар он ду нафар гуноҳе нест, ки бо [сарфи назар аз бархе ҳуқуқ ва вазоиф] бо якдигар оштӣ кунанд. Ва оштӣ беҳтар [аз талоқ] аст ва [-ле тамаъ ва] бухл нафсҳоро фаро гирифтааст [ва ҳеҷ кас аз ҳаққи хеш намегузарад] ва агар некӣ кунед ва парҳезкорӣ пеша созед, ҳатман, Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
128. Агар зане дарёфт, ки шавҳараш бо ӯ бемеҳр ва аз ӯ безор шудааст, боке нест, ки ҳарду дар миёни худ сулҳ бикунанд (яъне, зан аз баъзе ҳуқуқи худ даст кашад, ба монанди ин ки ба либос ё хонаи оддӣ қаноат кунад...), ки сулҳ беҳтар аст. Вале бухлу пастӣ бар нафсҳои мардум ғалаба кардааст. Ва агар некӣ ва парҳезгорӣ кунед, Аллоҳ ба ҳар чӣ мекунед, огоҳ аст ва мувофиқи он шуморо мукофот медиҳад! (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/206
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/206
الترجمة الطاجيكية
وَإِنِ ٱمۡرَأَةٌ خَافَتۡ مِنۢ بَعۡلِهَا نُشُوزًا أَوۡ إِعۡرَاضٗا فَلَا جُنَاحَ عَلَيۡهِمَآ أَن يُصۡلِحَا بَيۡنَهُمَا صُلۡحٗاۚ وَٱلصُّلۡحُ خَيۡرٞۗ وَأُحۡضِرَتِ ٱلۡأَنفُسُ ٱلشُّحَّۚ وَإِن تُحۡسِنُواْ وَتَتَّقُواْ فَإِنَّ ٱللَّهَ كَانَ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرٗا
Агар зане дарёфт, ки шавҳараш бо ӯ бемеҳр ва аз ӯ безор шудааст, боке нест, ки ҳар ду дар миёни худ тарҳи оштӣ афкананд, ки оштӣ беҳтар аст. Ва бахиливу мумсиқӣ бар нафсҳои мардум ғалаба дорад. Ва агар некӣ ва парҳезгорӣ кунед, Худо ба ҳар чӣ мекунед, огоҳ аст!
Tajik - Tajik translation