Касоне, ки [бо мондан дар сарзамини куфр] нисбат ба хеш ситамгор буданд, [вақте] фариштагон ҷонашонро мегиранд, [ба онон] мегӯянд: "Дар чи [ҳол] будед"? Посух медиҳанд: "Мо дар замин аз ситамдидагон будем". [Фариштагон] Мегӯянд: "Оё замини Аллоҳ таоло густурда набуд, то дар он муҳоҷират кунед [ва имонатонро ҳифз намоед]"? Пас, ҷойгоҳашон дузах аст ва чи бад саранҷомест!
الترجمة الطاجيكية - عارفي
97. Ҳамоно касоне, ки бо нишастанашон дар дори куфр ва тарки ҳиҷрат бар худ ситам карданд, дар ҳоле, ки фариштагон ҷони ононро мегиранд, ба онҳо сарзаниш карда мегуянд: "Дар чи ҳол будед?" Мегӯянд: "Мо дар дунё нотавон ва ситамдида будем". Пас фариштагон мегӯянд: "Оё замини Аллоҳ васеъ набуд, ки то ба он ҳиҷрат кунед ва ба дигар замин берун равед ва динатонро дар амон нигоҳ доред?" Пас ҷойгоҳи
ин гуна касон ҷаҳаннам аст ва чи бад ҷойгоҳ ва чи бад саранҷоме аст!
ин гуна касон ҷаҳаннам аст ва чи бад ҷойгоҳ ва чи бад саранҷоме аст!
الترجمة الطاجيكية
إِنَّ ٱلَّذِينَ تَوَفَّىٰهُمُ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ ظَالِمِيٓ أَنفُسِهِمۡ قَالُواْ فِيمَ كُنتُمۡۖ قَالُواْ كُنَّا مُسۡتَضۡعَفِينَ فِي ٱلۡأَرۡضِۚ قَالُوٓاْ أَلَمۡ تَكُنۡ أَرۡضُ ٱللَّهِ وَٰسِعَةٗ فَتُهَاجِرُواْ فِيهَاۚ فَأُوْلَـٰٓئِكَ مَأۡوَىٰهُمۡ جَهَنَّمُۖ وَسَآءَتۡ مَصِيرًا
Касоне ҳастанд, ки фариштагон ҷонашонро меситонанд, дар ҳоле ки бар хештан ситам карда буданд. Аз онҳо мепурсанд: «Дар чӣ коре будед?» Гӯянд: «Мо дар рӯи замин мардуме будем бечора». Фариштагон гӯянд: «Оё замини Худо паҳновар набуд, ки дар он муҳоҷират кунед?» Макони инҳо ҷаҳаннам аст ва саранҷомашон бад!
Tajik - Tajik translation