Бигӯ: «Он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они кист»? Бигӯ: «Аз они Аллоҳи мутаол аст, ки раҳматро бар хеш воҷиб гардонидааст, [ва] ҳатман, шуморо дар рӯзи қиёмат, ки дар он шакке нест, [назди худ] ҷамъ хоҳад кард. Ва касоне, ки ба хеш зиён расонидаанд, имон намеоваранд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
12. Бигӯ: (Эй Паёмбар) «Аз они кист он чӣ дар осмонҳову замин аст?» Бигӯ: «Аз они Аллоҳ аст! (Чунон ки шумо худ инро иқрор мекунед ва медонед, пас Ӯро ба ягонагиаш парастиш кунед.) Бахшоишро бар худ муқаррар дошта, (яъне тавбаро қабул мекунад) ҳамаи шуморо дар рӯзи қиёмат гирд меоварад, ки дар он шубҳае нест. Онон, ки ба зиёни хеш кор кардаанд имон намеоваранд. (1)
____________________
1. Яъне ширк оварданд ва рисолати Муҳаммад саллаллоху алайҳи ва салламро қабул накарданд. Тафсири Табарӣ 11/ 274
____________________
1. Яъне ширк оварданд ва рисолати Муҳаммад саллаллоху алайҳи ва салламро қабул накарданд. Тафсири Табарӣ 11/ 274
الترجمة الطاجيكية
قُل لِّمَن مَّا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ قُل لِّلَّهِۚ كَتَبَ عَلَىٰ نَفۡسِهِ ٱلرَّحۡمَةَۚ لَيَجۡمَعَنَّكُمۡ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ لَا رَيۡبَ فِيهِۚ ٱلَّذِينَ خَسِرُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ فَهُمۡ لَا يُؤۡمِنُونَ
Бигӯ: «Аз они кист он чӣ дар осмонҳову замин аст?» Бигӯ: «Аз они Худост! Бахшоишро бар худ муқаррар дошта, ҳамаи шуморо дар рӯзи қиёмат, ки дар он шубҳае нест, гирд меоварад. Онон, ки ба зиёни хеш кор кардаанд, имон намеоваранд.
Tajik - Tajik translation