Ва [эй муъминон] аз он чи [ҳангоми забҳ] номи Аллоҳ таоло бар он бурданашудааст, нахӯред, чаро ки он [кори] ҳатман, нофармонӣ аст ва дар ҳақиқат шаётин ба дӯстони худ илқо мекунанд, ки бо шумо [дар ин маврид] муҷодала намоянд.Ва агар аз онон итоат кунед, ҳатман, шумо [низ дар зумраи] мушрикон ҳастед
الترجمة الطاجيكية - عارفي
121. (Эй мусалмонон,) аз забҳе, ки номи Аллоҳ бар он ёд нашудааст, нахӯред, ба монанди худмурда ва он чи барои бут ё ҷин забҳ шудаст. Ҳамоно хӯрдани ин гуна забҳшудаҳо фисқ (1) (гуноҳ) аст. Ва шаётини ҷин ба дӯстони худ аз шайтонҳои инсӣ ваҳй мекунанд, ки бо шумо муҷодала кунанд (2) ва агар ба онҳо фармонбардорӣ кунед, шумо ва онҳо дар ширк баробаред. (3)
____________________
1. Аз тоъати Аллоҳ берун рафтан 2. Яъне ба шумо шубҳа меандозанд, ва мегӯянд: чаро он чи Аллоҳ куштааст, намехӯред ва он чи худ забҳ мекунед, мехӯред.
3. Дар ин оят далел аст, ки касе ҳалол кардаи Аллоҳро ҳаром ё ҳаром кардаи Аллоҳро ҳалол шуморад, мушрик аст. Тафсири Бағавӣ 3/84

الترجمة الطاجيكية
وَلَا تَأۡكُلُواْ مِمَّا لَمۡ يُذۡكَرِ ٱسۡمُ ٱللَّهِ عَلَيۡهِ وَإِنَّهُۥ لَفِسۡقٞۗ وَإِنَّ ٱلشَّيَٰطِينَ لَيُوحُونَ إِلَىٰٓ أَوۡلِيَآئِهِمۡ لِيُجَٰدِلُوكُمۡۖ وَإِنۡ أَطَعۡتُمُوهُمۡ إِنَّكُمۡ لَمُشۡرِكُونَ
Аз забҳе, ки номи Худо бар он ёд нашудааст, нахӯред, ки худ нофармонист. Ва шаётин ба дӯстони худ ваҳй мекунанд, ки бо шумо муҷодала кунанд; агар аз онҳо пайравӣ кунед, аз мушриконед,
Tajik - Tajik translation