Ва [ёд кун аз қиёмат] рӯзе, ки ҳамаи онон [инсу ҷин]-ро гирд меоварад [ва мефармояд]: «Эй гурӯҳи ҷинниён, аз одамиён [бисёреро гумроҳ кардед ва пайравони] фаровон ёфтед».Ва дӯстони [мушрики] эшон аз [миёни] инсонҳо мегӯянд: «Парвардигоро, бархе аз мо аз бархе дигар баҳрабардорӣ карданд [ва дар куфру гуноҳ ба якдигар ёрӣ расониданд] ва [ин ки] мо ба поёне, ки бароямон муқаррар карда будӣ, расидаем» [Аллоҳ таоло] Мефармояд: «Ҷойгоҳатон оташ аст [ва] дар он ҷовидон хоҳед буд, магар он чиро Аллоҳ таоло бихоҳад [ки аз он бикоҳад ё бибахшояд]. Бе тардид,Парвардигорат ҳакиму доност»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
128. Ва (ба ёд ор эй Расул,) рӯзе, ки ҳама кофиронро аз инсу ҷин гирд оварад ва гӯяд: «Эй гурӯҳи ҷинҳо, шумо бисёре аз одамиёнро пайрави худ сохтед». Ва гуфтанд дӯстонашон аз одамони куффор: «Эй Парвардигори мо, мо аз якдигар баҳраманд мешудем ва ба поёни замоне, ки барои зистани мо қарор дода будӣ дар ҳаёти дунё, расидем». Аллоҳ гӯяд: «Ҷойгоҳи шумо оташ аст, ҷовидона дар он ҷо хоҳед буд, магар он чӣ
Аллоҳ бихоҳад дар он ҷо ҷовидон нахоҳад монд аз гунаҳкорони ахли тавҳид». Албатта Парвардигори ту устуворкору доно аст!
Аллоҳ бихоҳад дар он ҷо ҷовидон нахоҳад монд аз гунаҳкорони ахли тавҳид». Албатта Парвардигори ту устуворкору доно аст!
الترجمة الطاجيكية
وَيَوۡمَ يَحۡشُرُهُمۡ جَمِيعٗا يَٰمَعۡشَرَ ٱلۡجِنِّ قَدِ ٱسۡتَكۡثَرۡتُم مِّنَ ٱلۡإِنسِۖ وَقَالَ أَوۡلِيَآؤُهُم مِّنَ ٱلۡإِنسِ رَبَّنَا ٱسۡتَمۡتَعَ بَعۡضُنَا بِبَعۡضٖ وَبَلَغۡنَآ أَجَلَنَا ٱلَّذِيٓ أَجَّلۡتَ لَنَاۚ قَالَ ٱلنَّارُ مَثۡوَىٰكُمۡ خَٰلِدِينَ فِيهَآ إِلَّا مَا شَآءَ ٱللَّهُۚ إِنَّ رَبَّكَ حَكِيمٌ عَلِيمٞ
Ва рӯзе, ки ҳамагонро гирд оварад ва гӯяд: «Эй гурӯҳи ҷинниён, шумо бисёре аз одамиёнро пайрави худ сохтед». Ёронашон аз миёни одамиён гӯянд: «Эй Парвардигори мо, мо аз якдигар баҳраманд мешудем ва ба поёни замоне, ки барои зистани мо қарор дода будӣ, расидем». Гӯяд: «Ҷойгоҳи шумо оташ аст, ҷовидона дар он ҷо хоҳед буд, магар он чӣ Худо бихоҳад». Албатта Парвардигори ту ҳакиму доност!
Tajik - Tajik translation