Ва аз шутур як ҷуфт ва аз гов як ҷуфт [офарид].Бигӯ: «Оё Аллоҳ таоло] он ду нарро ҳаром кардааст ё ду модаро? Ё он чи ки раҳимҳои [ин] ду мода дар бар дорад? Оё вақте Аллоҳ таоло шуморо ба ин [таҳрим] супориш мекард, [онҷо] ҳозир будед? Пас, кист ситамгортар аз он ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандад, то бидуни ҳеҷ [санаду] илме мардумро гумроҳ кунад? Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло гурӯҳи ситамгоронро ҳидоят намекунад»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
144. Ва (бигӯ эй Расул барои мушрикон) чор ҷуфти дигар аз шутур нару мода ва аз гов нару мода,: «Оё он ду нарро ҳаром кардааст ё он ду модаро ё он чиро, ки дар шиками модагон аст аз нару мода, пас чаро баъзеро ҳалол меҳисобед ва баъзеро ҳаром? Оё он ҳангом, ки Аллоҳ чунин фармон медод, шумо он ҷо ҳозир будед?» Пас чӣ кас ситамкортар аз он касест, ки ба Аллоҳ дурӯғ мебофад, то аз рӯи бехабарӣ мардумро аз роҳи ҳақ боздошта гумроҳ кунад? Албатта Аллоҳ ситамкоронеро, ки бар Аллоҳ дурӯғ мебофанд ва мардумро гумроҳ мекунанд, ба роҳи рост ҳидоят намекунад. (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/352
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/352
الترجمة الطاجيكية
وَمِنَ ٱلۡإِبِلِ ٱثۡنَيۡنِ وَمِنَ ٱلۡبَقَرِ ٱثۡنَيۡنِۗ قُلۡ ءَآلذَّكَرَيۡنِ حَرَّمَ أَمِ ٱلۡأُنثَيَيۡنِ أَمَّا ٱشۡتَمَلَتۡ عَلَيۡهِ أَرۡحَامُ ٱلۡأُنثَيَيۡنِۖ أَمۡ كُنتُمۡ شُهَدَآءَ إِذۡ وَصَّىٰكُمُ ٱللَّهُ بِهَٰذَاۚ فَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبٗا لِّيُضِلَّ ٱلنَّاسَ بِغَيۡرِ عِلۡمٍۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّـٰلِمِينَ
Ва аз шутур нару мода ва аз гов нару мода, бигӯ: «Оё он ду нарро ҳаром кардааст ё он ду модаро ё он чиро, ки дар шиками модагон аст? Оё он ҳангом, ки Худо чунин фармон медод, шумо он ҷо будед?» Пас чӣ касс ситамкортар аз он касест, ки ба Худо дурӯғ мебофад, то аз рӯи бехабарӣ мардумро гумроҳ кунад? Албатта Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад.
Tajik - Tajik translation