Касоне, ки дидори Парвардигорро дурӯғ ангоштаанд, ҳатман, зиён диданд, [пас] ҳангоме ки ногаҳон қиёмат бар онон фаро расад, дар ҳоле ки бори [сангини] гуноҳҳони хешро бар пушташон ҳамл мекунанду мегӯянд: «Эй дареғ, бар мо аз он чи дар бораи он [дар дунё] кӯтоҳӣ кардем»! Ҳон! Чи бад аст боре, ки [бар дӯш] мекашанд!
الترجمة الطاجيكية - عارفي
31. Ҳамоно зиён карданд онҳое, ки дидор бо Аллоҳро дурӯғ пиндоштанд. Ва чун қиёмат ба ногаҳон фаро расад, гӯянд (мушрикон): «Эй ҳасрато, бар мо ба хотири амалҳои зиште, ки кардем дар дунё».
Инҳо бори гуноҳонашонро бар пушти худ мебардоранд. Огоҳ бошед, бад чизест он чи мебардоранд.
Инҳо бори гуноҳонашонро бар пушти худ мебардоранд. Огоҳ бошед, бад чизест он чи мебардоранд.
الترجمة الطاجيكية
قَدۡ خَسِرَ ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِلِقَآءِ ٱللَّهِۖ حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَتۡهُمُ ٱلسَّاعَةُ بَغۡتَةٗ قَالُواْ يَٰحَسۡرَتَنَا عَلَىٰ مَا فَرَّطۡنَا فِيهَا وَهُمۡ يَحۡمِلُونَ أَوۡزَارَهُمۡ عَلَىٰ ظُهُورِهِمۡۚ أَلَا سَآءَ مَا يَزِرُونَ
Зиён карданд онҳое, ки дидор бо Худоро дурӯғ пиндоштанд. Ва чун қиёмат ба ногаҳон фаро расад, гӯянд; «Эй ҳасрато, бар мо ба хотири кӯтоҳие, ки кардем». Инҳо бори гуноҳашонро бар пушт мекашанд. Хон, чӣ бад бореро бар дӯш мекашанд!
Tajik - Tajik translation