Ва [эй паёмбар] агар рӯйгардонии онон [аз Қуръон] бар ту ногувор [ва душвор] аст, агар метавонӣ нақбе (тунел) дар замин ё нардбоне дар осмон биҷӯӣ, то муъҷиза [дигар] барояшон биёварӣ [пас, чунон кун, вале суде надорад].Ва агар Аллоҳ таоло мехост, ҳатман, ононро бар [масири] ҳидоят ҷамъ мекард, пас, ҳаргиз аз нодонон мабош
الترجمة الطاجيكية - عارفي
35. Агар рӯйгардони кардани онҳо бар ту эй Паёмбар гарон аст, пас агар метавонӣ, ки биҷӯӣ (нақбе) яъне сурохие дар замин ё нардбоне барои баромадан ба осмон, то мӯъҷизае бар онҳо биёварӣ, пас бикун. Агар Аллоҳ бихоҳад, ҳамаро ба роҳи рост барад. Пас ҳаргиз эй Паёмбар аз нодононе, ки ғаму андӯҳашон сахт аст ва бесабранд мабош. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/140
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/140
الترجمة الطاجيكية
وَإِن كَانَ كَبُرَ عَلَيۡكَ إِعۡرَاضُهُمۡ فَإِنِ ٱسۡتَطَعۡتَ أَن تَبۡتَغِيَ نَفَقٗا فِي ٱلۡأَرۡضِ أَوۡ سُلَّمٗا فِي ٱلسَّمَآءِ فَتَأۡتِيَهُم بِـَٔايَةٖۚ وَلَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ لَجَمَعَهُمۡ عَلَى ٱلۡهُدَىٰۚ فَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡجَٰهِلِينَ
Агар рӯй гардондани онҳо бар ту гарон аст, хоҳӣ нақбе дар замин биҷӯй ё нардбоне бар осмон бинеҳ то мӯъҷизае бар онҳо биёварӣ. Агар Худо бихоҳад, ҳамаро ба роҳи рост барад. Пас аз нодонон мабош.
Tajik - Tajik translation