Ва Ӯст, ки аз осмон обе фурӯ рехт ва аз он [борон] ҳар гуна рӯйидание баровардем ва аз он [низ ҳар кишту гиёҳи] сабзеро рӯёнидем, [ки] аз он [гиёҳҳо низ барои тағзияи шумо] донаҳои мутарокиме [ҳамчун гандуму ҷав] падид меоварем ва [ҳамчунин] аз шукуфтаи нахл хӯшаҳои наздик ба якдигар [рӯёнидем] ва боғҳое аз ангур ва зайтуну анор [офаридем меваҳое, ки] бархе ҳаммонанд ва бархе ноҳаммонанд ҳастанд. Вақте ба бор нишаст ба меваҳои он ва [тарзи] расиданаш бингаред. Дар ин [офариниш] барои мардуме, ки имон доранд, нишонаҳои [равшану қудрати илоҳӣ] аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
99. Ӯст Аллоҳе, ки аз осмон борон фиристод ва ба он борон ҳар гуна набототеро рӯёнидем ва аз он наботот танае сабз ва аз он донаҳое бар якдигар чида мисли ҳӯшаи гандум ва ҷав ва низ аз шохчаҳои хурмо хӯшаҳое сар фароварда падид овардем ва низ боғҳое аз токҳо ва зайтуну анор, монанду номонанд. (1) Ба меваи он бингаред онгоҳ, ки мева медиҳанд ва он гоҳ ки пухта мерасанд. Ҳамоно, ки дар онҳо нишонаҳост, (яъне нишонаҳои қудрати Илоҳист) барои онон, ки имон меоваранд! (2)
____________________
1. Баргҳояшон бо ҳам монанд вале меваҳояшон гуногун
2. Тафсири Бағавӣ 3/ 172
____________________
1. Баргҳояшон бо ҳам монанд вале меваҳояшон гуногун
2. Тафсири Бағавӣ 3/ 172
الترجمة الطاجيكية
وَهُوَ ٱلَّذِيٓ أَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَأَخۡرَجۡنَا بِهِۦ نَبَاتَ كُلِّ شَيۡءٖ فَأَخۡرَجۡنَا مِنۡهُ خَضِرٗا نُّخۡرِجُ مِنۡهُ حَبّٗا مُّتَرَاكِبٗا وَمِنَ ٱلنَّخۡلِ مِن طَلۡعِهَا قِنۡوَانٞ دَانِيَةٞ وَجَنَّـٰتٖ مِّنۡ أَعۡنَابٖ وَٱلزَّيۡتُونَ وَٱلرُّمَّانَ مُشۡتَبِهٗا وَغَيۡرَ مُتَشَٰبِهٍۗ ٱنظُرُوٓاْ إِلَىٰ ثَمَرِهِۦٓ إِذَآ أَثۡمَرَ وَيَنۡعِهِۦٓۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكُمۡ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يُؤۡمِنُونَ
Ӯст Худое, ки аз осмон борон фиристод ва бо он борон ҳар гуна гиёҳеро руёнидем ва аз он гиёҳ танае сабз ва аз он донаҳое бар якдигар чида ва низ аз навдаҳои нахл хӯшаҳое сар бароварда падид овардем ва низ бӯстонҳое аз токҳо ва зайтуну анор монанду номонаяд! Ба меваҳояш, он гоҳ ки падид меоянд ва он гоҳ ки мерасанд, бингаред, ки дар онҳо ибратҳост барои онон, ки имон меоваранд?
Tajik - Tajik translation