ترجمة سورة الضحى

الترجمة الطاجيكية
ترجمة معاني سورة الضحى باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1. Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба вақти чошт.(1)
____________________
1. Мурод аз чошт тамоми рӯз аст.
2. Ва савганд,(1) ба шаб, чун бипӯшад бо торикии худ атрофро,
____________________
1. Аллоҳ ба он чӣ хоҳад аз махлуқоти худ қасам ёд мекунад, аммо барои махлуқ ҷоиз нест, ба ғайри номи Аллоҳ қасам хӯрад, зеро ин амали ширк аст.
3. Эй Муҳаммад, ки Парвардигорат туро тарк накардааст ба сабаби таъхири ваҳй ва бад ҳам надидааст.
4. Албатта охират барои ту беҳтар аз дунёст.
5. Ба зудӣ Парвардигорат туро эй Муҳаммад аз неъматҳои гуногун ато хоҳад дод, то хушнуд шавӣ.
6. Оё туро қабл аз ин ятим наёфт ва ҷоят дод?
7. Ва туро роҳгумкарда ёфт, ки намедонистӣ чӣ аст китоб ва чӣ аст имон, пас таълим дод туро он чиро, ки намедонистӣ ва ба некӯтарин амалҳо ҳидоятат кард?
8. Ва туро фақир ва бечиз ёфт ва ба қаноъат ва сабр сарватманд ва дороят гардонд?
9. Пас ятимро маёзор
10. ва гадоро марон, балки таъом деҳ ва ҳоҷаташро баробар гардон
11. ва аз неъмати Парвардигорат, ки ба ту арзонӣ кардааст, сухан бигӯй.
Icon