ترجمة سورة الضحى

Tajik - Tajik translation
ترجمة معاني سورة الضحى باللغة الطاجيكية من كتاب Tajik - Tajik translation .

ЗУҲО


Савганд ба вақти чошт,

ва савганд ба шаб, чун бипӯшад (бо торикии худ атрофро),

ки Парвардигорат туро тарк накарда ва душман ҳам нагирифтааст.

Албатта охират барои ту беҳтар аз дунёст.

Ба зуди Парвардигорат туро ато хоҳад дод, то хушнуд шавӣ.

Оё туро ятим наёфт ва паноҳат надод?

Ва туро гумгашта ёфт ва ҳидоятат кард?

Ва туро дарвеш ёфт ва тавонгарат гардонид?

Пас ятимро маёзор

ва гадоро марон

ва аз неъмати Парвардигорат сухан бигӯй.
Icon