ترجمة سورة المدّثر

Tajik - Tajik translation
ترجمة معاني سورة المدّثر باللغة الطاجيكية من كتاب Tajik - Tajik translation .

МУДДАССИР


Эй ҷома дар сар кашида,

бархезу бим деҳ!

Ва Парвардигоратро такбир гӯй!

Ва ҷомаатро покиза дор!

Ва аз палидӣ дурӣ ҷӯй!

Ва чизе мадеҳ ки беш аз он умед дошта бошӣ.

Барои Парвардигорат сабркунанда бош!

Ва он гоҳ ки дар сур дамида шавад,

он рӯз рӯзе сахт хоҳад буд,

Ва барои кофирон душвор.

Маро бо он ки танҳояш офаридаам, вогузор.

Ӯро моле бисёр додам.

Ва писароне ҳама дар назди ӯ ҳозир

ва корҳои ӯро ба некӯтар тарзе вусъат додам.

Он гоҳ тамаъ мебандад, ки зиёдат кунам.

Не, не! Ӯ дар баробари оёти Мо ситеза ҷӯст.

Ӯро ба машаққате меандозам.

Ӯ андешид ва тарҳе афканд (нақшае кашид).

Марг бар ӯ бод, чӣ гуна тарҳе афканд?

Боз ҳам марг бар ӯ бод, чӣ гуна тарҳе афканд?

Он гоҳ нигарист.

Сипас рӯй турш кард ва пешонӣ дар ҳам кашид.

Сипас рӯй гардониду гарданкашӣ кард,

гуфт: «Ин ғайри ҷодуе, ки дигаронаш омӯхтанд, ҳеҷ нест.

Ин ғайри сухани одамӣ ҳеҷ нест».

Ба зудӣ ӯро ба сақар бияфканем.

Чӣ чиз огоҳат сохт, ки сақар чист?

На ҳеҷ боқӣ мегузорад ва на чизеро тарк кунад.

Сӯзонандаи пӯст аст.

Нуздаҳ фаришта бар он вазифадоранд.

Вазифадорони дузахро фақат аз фариштагон қарор додем. Ва шумори онҳо фақат барои имтиҳони кофирон аст. То аҳли китоб яқин кунанд ва бар имони мӯъминон бияфзояд ва аҳли китобу мӯъминон шак накунанд. Ва то онон, ки дар дилҳояшон маразест, нагӯянд: «Худо аз ин мисол чӣ мехостааст?» Худо инчунин ҳар касро, ки бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар касро, ки бихоҳад, роҳ менамояд. Ва шумори лашкари Парвардигоратро ғайри Ӯ надонад. Ва ин сухан фақат панде аз барои мардум аст.

Оре, савганд ба моҳ!

Ва савганд ба шаб, чун рӯй ба рафтан орад

ва савганд ба субҳ чун парда барафканад,

ки ин яке аз ҳодисаҳои бузург аст.

Тарсонандаи одамиён аст.

Барои ҳар кас аз шумо, ки хоҳад, пеш ояд (бо амали нек) ё аз пай равад (бо куфру нофармонӣ).

Ҳар кас гаравгони корест, ки кардааст,

ғайри аҳли саъодат,

ки дар биҳиштҳо нишастаанд ва мепурсанд

аз гуноҳкорон,

ки чӣ чиз шуморо ба ҷаҳаннам кашонид?,

Мегӯянд: «Мо аз намозгузорон набудем

ва ба дарвешон таъом намедодем

ва бо онон, ки сухани ботил мегуфтанд, ҳамовоз мешудем

ва рӯзи қиёматро дурӯғ мешуморидем,

то марги мо фаро расид».

Пас шафоъати шафоъаткунандагон фоидаашон набахшад.

Чӣ шудааст, ки аз ин панд рӯй мегардонанд?

Монанди харони рамида,

ки аз шер мегурезанд,

балки ҳар як аз онҳо мехоҳад, ки номаҳое ку шода ба ӯ дода шавад.

Оре, ки аз охират наметарсанд.

Оре, ки ин Қуръон пандест,

ҳар ки хоҳад онро бихонад.

Ва панд намегиранд, бе он ки Худо хоҳад. Ӯ шоёни он аст, ки аз Ӯ битарсанд. Ва ӯ шоёни бахшоидан аст!
Icon