ترجمة سورة الشمس

الترجمة الطاجيكية - عارفي
ترجمة معاني سورة الشمس باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي .
من تأليف: فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام .

Савганд ба хуршед ва равшании он [ба ҳангоми бомдод]
Ва савганд ба моҳ, ҳангоме ки баъд аз он барояд
Ва савганд ба рӯз, ҳангоме ки он [хуршед]-ро равшан [ва ҷилвагар] кунад
Ва савганд ба шаб, ҳангоме ки онро бипӯшонад
Ва савганд ба осмон ва ба он ки онро бино кард
Ва савганд ба замин ва ба он ки онро густуронид
Ва савганд ба ҷон [-и инсон] ва он ки онро [офарид ва] наку гардонид
Сипас нофармонӣ ва парҳезгориашро [ба ӯ] илҳом кард
Бе тардид, ҳар ки нафси худро [аз гуноҳон] пок кард, растагор шуд
Ва ҳар ки онро [бо гуноҳ] олуда сохт, яқинан, зиёнкор шуд
[Қавми] Самуд аз рӯйи саркашӣ [паёмбарашонро] такзиб карданд
Он гоҳ ки бадкортарини эшон [барои иқдом ба ҷиноят] бархост
Пас, паёмбари Аллоҳ таоло [Солеҳ] ба онон гуфт: «Модашутури Аллоҳ таоло ва [навбати] обхӯрданашро [ҳурмат ниҳед]»
[Вале онон] ӯро такзиб карданд ва он [модашутур]-ро куштанд; пас, Парвардигорашон ба сабаби гуноҳонашон бар сарашон азоб овард ва ҳамагии ононро бо хок яксон кард
Ва [Аллоҳ таоло] аз саранҷоми он [кор] бим надорад
Icon