[Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Кист, ки аз осмону замин ба шумо рӯзӣ мебахшад? Ё кист, ки бар гӯшҳо ва дидагон ҳоким аст? Ва кист, ки [мавҷуди] зиндаро аз [модаи] беҷон берун меоварад ва [модаи] беҷони мурдаро аз [мавҷуди] зинда хориҷ месозад? Ва кист, ки кори [ҷаҳону ҷаҳониён]-ро тадбир мекунад»? Хоҳанд гуфт: «Аллоҳ таоло». Пас, бигӯ: «Оё парво намекунед»?
الترجمة الطاجيكية - عارفي
31. Бигӯ эй Паёмбар, барои мушрикон: «чӣ касе аз осмон борон фуруд меорад ва аз замин ба шумо навъҳои гуногун аз наботот ва дарахтҳо рӯзӣ медиҳад? Кист, ки шунавоиву биноиро молик бошад? Ва кист, ки зиндаро аз мурда (ҳамчунон, ки мӯъминро аз кофир
ва чӯҷаро аз тухм) падид меорад ва мурдаро аз зинда (кофирро аз мӯъмин ва тухмро аз мурғ) ва кист, ки корҳоро ба сомон меоварад?» Хоҳанд гуфт: «Аллоҳ». Пас, бигӯ: «Оё аз азоби Аллоҳ наметарсед, ки бо Ӯ шарик меоред?»(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/362
ва чӯҷаро аз тухм) падид меорад ва мурдаро аз зинда (кофирро аз мӯъмин ва тухмро аз мурғ) ва кист, ки корҳоро ба сомон меоварад?» Хоҳанд гуфт: «Аллоҳ». Пас, бигӯ: «Оё аз азоби Аллоҳ наметарсед, ки бо Ӯ шарик меоред?»(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/362
الترجمة الطاجيكية
قُلۡ مَن يَرۡزُقُكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِ أَمَّن يَمۡلِكُ ٱلسَّمۡعَ وَٱلۡأَبۡصَٰرَ وَمَن يُخۡرِجُ ٱلۡحَيَّ مِنَ ٱلۡمَيِّتِ وَيُخۡرِجُ ٱلۡمَيِّتَ مِنَ ٱلۡحَيِّ وَمَن يُدَبِّرُ ٱلۡأَمۡرَۚ فَسَيَقُولُونَ ٱللَّهُۚ فَقُلۡ أَفَلَا تَتَّقُونَ
Бигӯ: «Чӣ касе аз осмону замин ба шумо рӯзӣ медиҳад? Кист, ки шунавоиву биноӣ мебахшад? Зиндаро аз мурда падид меорад ва мурдаро аз зинда ва корхоро ба сомон меоварад?» Хоҳанд гуфт: «Оллоҳ». Бигӯ: «Оё намотарсед?».
Tajik - Tajik translation