Ва ба ростӣ, [Мо] ба Мӯсо китоб додем, пас, дар он ихтилоф шуд. Ва агар пештар [дар мавриди муҳлат ба гунаҳгорон ва ҳисобрасӣ дар қиёмат] сухане аз ҷониби Парвардигорат баён нашуда буд, яқинан, [дар ҳамин дунё] миёнашон доварӣ мешуд [ва азоб нозил мегашт] ва ба ростӣ, ки онон [яҳудиён ва мушрикон] дар бораи [ҳаққонияти] ин [Қуръон] сахт дар тардиданд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
110. Ва ҳамоно ба Мӯсо (алайҳиссалом) китоби Таврот додем. Дар он китоб ихтилоф шуд, (яъне, баъзеҳо ба он имон оварданд ва баъзеашон онро инкор карданд). Агар намебуд сухане, ки пеш содир шуда аз ҷониби Парвардигорат, ҳатман миёнашон доварӣ мешуд. Ва онҳо (яҳуд ва куффори қавмат) албатта, дар он китоб (яъне, Қуръон) сахт дар шубҳаанд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\390
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\390
الترجمة الطاجيكية
وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡكِتَٰبَ فَٱخۡتُلِفَ فِيهِۚ وَلَوۡلَا كَلِمَةٞ سَبَقَتۡ مِن رَّبِّكَ لَقُضِيَ بَيۡنَهُمۡۚ وَإِنَّهُمۡ لَفِي شَكّٖ مِّنۡهُ مُرِيبٖ
Ба Мӯсо китоб додем. Дар он китоб ихтилоф шуд. Агар на ҳукме буд, ки пеш аз ҷониби Парвардигорат содир шуда буд, миёнашон доварӣ шуда буд, ки онҳо дар он китоб сахт дар шубҳаанд.
Tajik - Tajik translation