Ва эй қавми ман, барои ин [рисолат ман ҳеҷ сарват] ва моле аз шумо дархост намекунам. Подоши ман ҷуз бар [уҳдаи] Аллоҳ таоло нест ва касонеро, ки имон овардаанд, аз худ намеронам. Бе тардид, [рӯзи қиёмат] онон мулоқоткунандаи Парвардигори хешанд, вале ман шуморо гурӯҳе мебинам, ки нодонӣ мекунед
الترجمة الطاجيكية - عارفي
29. Ва эй қавми ман, дар баробари таблиғи рисолати хеш моле аз шумо наметалабам ва гумон мабаред, ки ман аз кори худ умеди моли дунё дорам. Музди ман танҳо ба Аллоҳ аст. Онҳоеро, ки имон ба ягонагии Аллоҳ овардаанд, аз худ намеронам, онон бо Парвардигори хеш рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Вале мебинам, ки шумо эй қавм, мардуми нодон ҳастед, ки маро мефармоед дӯстони Аллоҳро аз худам биронам.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\301
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\301
الترجمة الطاجيكية
وَيَٰقَوۡمِ لَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مَالًاۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَى ٱللَّهِۚ وَمَآ أَنَا۠ بِطَارِدِ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْۚ إِنَّهُم مُّلَٰقُواْ رَبِّهِمۡ وَلَٰكِنِّيٓ أَرَىٰكُمۡ قَوۡمٗا تَجۡهَلُونَ
Эй қавми ман, дар баробари таблиғи рисолати худ моле аз шумо наметалабам, Музди ман танҳо бо Худост. Онҳоеро, ки имон овардаанд, аз худ намеронам, онон бо Парвардигори худ дидор хоҳанд кард. Вале мебинам, ки шумо мардуме нодон ҳастед.
Tajik - Tajik translation