Пас, чун дид ба сӯйи он [ғизо] даст намебаранд [ва чизе намехӯранд], бо онон эҳсоси бегонагӣ кард ва [аз бими он ки қасди қатлашро дошта бошанд] аз онон тарсе ба дил гирифт. [Фариштагон] Гуфтанд: «Натарс, мо ба сӯйи қавми Лут фиристода шудаем»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
70. Пас чун Иброҳим (алайҳис салом) дид, ки ба он меҳмонон даст дароз намекунанд, бар онон гумони бад кард ва дар дил аз онҳо хавф бурд. Гуфтанд (фариштагон): «Матарс, мо бар қавми Лут барои ҳалокашон фиристода шудаем».(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\387
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\387
الترجمة الطاجيكية
فَلَمَّا رَءَآ أَيۡدِيَهُمۡ لَا تَصِلُ إِلَيۡهِ نَكِرَهُمۡ وَأَوۡجَسَ مِنۡهُمۡ خِيفَةٗۚ قَالُواْ لَا تَخَفۡ إِنَّآ أُرۡسِلۡنَآ إِلَىٰ قَوۡمِ لُوطٖ
Ва чун дид, ки ба он даст дароз намекунанд, ононро нохуш дошт ва дар дил аз онҳо бимнок шуд, гуфтанд: «Матарс, мо бар қавми Лут фиристода шудаем».
Tajik - Tajik translation