Пас, чун [писарони Яъқуб ба Миср рафтанд ва] бар ӯ [ Юсуф] ворид шуданд, гуфтанд: «Эй Азиз, ба мо ва хонадонамон [дар асари фақру хушксолӣ] сахтии фаровоне расидааст ва [инак] колои ночиз [ва моли андаке барои хариди ғалла] бо худ овардаем, пас, паймонаро бароямон комил кун ва бар мо садақа [ва бахшиш] кун. Бе тардид, Аллоҳ таоло бахшандагонро подош медиҳад»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
88. Чун ба Миср рафтанд ва ба назди Юсуф дохил шуданд, гуфтанд: «Эй азиз, мову хонаводаамон ба гуруснагӣ афтодаем ва бо сармояи андак омадаем, паймонаи моро комил адо кун ва бар мо садақа бидеҳ, ҳамоно Аллоҳ садақадиҳандагонро дӯст дорад!»
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\407
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\407
الترجمة الطاجيكية
فَلَمَّا دَخَلُواْ عَلَيۡهِ قَالُواْ يَـٰٓأَيُّهَا ٱلۡعَزِيزُ مَسَّنَا وَأَهۡلَنَا ٱلضُّرُّ وَجِئۡنَا بِبِضَٰعَةٖ مُّزۡجَىٰةٖ فَأَوۡفِ لَنَا ٱلۡكَيۡلَ وَتَصَدَّقۡ عَلَيۡنَآۖ إِنَّ ٱللَّهَ يَجۡزِي ٱلۡمُتَصَدِّقِينَ
Чун бар Юсуф дохил шуданд, гуфтанд: «Эй азиз, мову касонамон ба гуруснагӣ афтодаем ва бо сармояи андак омадаем, паймонаи моро тамом адо кун ва бар мо садақа бидеҳ зеро Худо садақадиҳандагонро дӯст дорад!»
Tajik - Tajik translation