Ва инчунин нишонаҳо [ва далоили қудрати илоҳӣ]-ро гуногун баён мекунем, то мабодо [мушрикон] бигӯянд: «[Онҳоро аз аҳли китоб] омӯхтаӣ».Ва мо ин оятҳоро барои гурӯҳе, ки медонанд [ва мефаҳманд], ба равшанӣ баён мекунем
الترجمة الطاجيكية - عارفي
105. (Ва чунон ки дар ин Қуръон баён кардем, барои мушрикон) нишонаҳо ва ҳуҷҷатҳои худро дар амри тавҳид ва нубувват (1) ва ҳам чунин нишонаҳоро барои онҳо гуногун баён мекунем (дар ҳар чизе ки намедонистанд,) то нашавад, бигӯянд, ки аз касе дарс гирифтаӣ (2) ва Мо ин оётро барои аҳли дониш баён мекунем, ки онро қабул мекунанд ва пайрави он мешаванд. (Ва онон касонеанд, ки бо Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва он чи бар ӯ нозил шуда имон овардагонанд.)
____________________
1. Тавҳид: Аллоҳро якка ягона дониста ибодат кардан ва "нубувват" паёмбарӣ
2. Яъне аз аҳли китоб таълим гирифтӣ эй Муҳаммад? Тафсири Табарӣ 12/26
____________________
1. Тавҳид: Аллоҳро якка ягона дониста ибодат кардан ва "нубувват" паёмбарӣ
2. Яъне аз аҳли китоб таълим гирифтӣ эй Муҳаммад? Тафсири Табарӣ 12/26
الترجمة الطاجيكية
وَكَذَٰلِكَ نُصَرِّفُ ٱلۡأٓيَٰتِ وَلِيَقُولُواْ دَرَسۡتَ وَلِنُبَيِّنَهُۥ لِقَوۡمٖ يَعۡلَمُونَ
Оёти Худоро инчунин гуногун баён мекунем, то мабод, ки бигӯянд, ки аз касе дарс гирифтаӣ ва мо ин оётро барои аҳли дониш баён мекунем.
Tajik - Tajik translation