Пас, ҳар киро Аллоҳ таоло бихоҳад, ҳидоят кунад, дилашро барои [пазириши] Ислом мекушояд ва ҳаркиро бихоҳад, дар гумроҳӣ вогузорад, дилашро танг [ва баста] месозад [ва пазириши ҳақро чунон барояш маҳол мегардонад, ки] гӯӣ мехоҳад аз осмон боло равад [ва наметавонад], Аллоҳ таоло ин чунин азобро бар касоне, ки имон намеоваранд, мегуморад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
125. Ҳар касеро, ки Аллоҳ хоҳад ҳидоят кунад, ба қабул кардани ҳақ дилашро барои тавҳиду имон мекушояд ва ҳар касеро, ки хоҳад гумроҳ кунад, аз қабул кардани ҳақ қалбашро чунон танг мекунад, ки аз шиддати тангии нафасаш гӯё ба осмон боло меравад. Ҳамин тавр меандозад Аллоҳ нопокиро дар дили касоне, ки имон намеоваранд. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12\110
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12\110
الترجمة الطاجيكية
فَمَن يُرِدِ ٱللَّهُ أَن يَهۡدِيَهُۥ يَشۡرَحۡ صَدۡرَهُۥ لِلۡإِسۡلَٰمِۖ وَمَن يُرِدۡ أَن يُضِلَّهُۥ يَجۡعَلۡ صَدۡرَهُۥ ضَيِّقًا حَرَجٗا كَأَنَّمَا يَصَّعَّدُ فِي ٱلسَّمَآءِۚ كَذَٰلِكَ يَجۡعَلُ ٱللَّهُ ٱلرِّجۡسَ عَلَى ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ
Ҳар, касро Худо хоҳад, ки ҳидоят кунад, дилашро барои ислом мекушояд ва ҳар касро, ки хоҳад гумроҳ кунад, қалбашро чунон фурӯ мебандад, ки гӯё мехоҳад, ки ба осмон боло равад. Ба ин тавр Худо ба онҳое, ки имон намеоваранд, палидӣ мениҳад!
Tajik - Tajik translation