Ва ин гуна буд, ки шарикони онҳо [аз шаётину бутҳо] дар назари бисёре аз мушрикон [ки фақир буданд] қатли фарзандонашонро оростанд [ва зебо ҷилва доданд], то ҳалокашон кунанд ва оинашонро бар онон [ошуфта ва] муштабаҳ созанд.Ва агар Аллоҳ таоло мехост, чунин намекарданд, пас, [эй паёмбар, ту низ] ононро бо [туҳмату] дурӯғҳояшон вогузор
الترجمة الطاجيكية - عارفي
137. (Чунон ки шайтонҳо барои мушрикон зиннат доданд, ки аз зироат ва чорпоён насибаеро барои Аллоҳ ва барои шариконашон қарор диҳанд,) ҳамчунин (шайтонҳо) куштани фарзандро аз тарси камбағалӣ дар назари бисёре аз мушрикон биёростанд, то ҳалокашон кунанд ва дар бораи динашон ба шакку иштибоҳашон андозанд. Пас гумроҳ ва ҳалок гарданд. Агар Аллоҳ мехост, чунин намекарданд. (Лекин Аллоҳ ба донистанаш ба бадии ҳолашон ва оқибаташон бар гумроҳӣ тақдирашон кард. Пас бо дурӯғе, ки мебофанд), онҳоро гузор (эй Расул)! Ба зудӣ Аллоҳ байни ту ва онҳо ҳукм хоҳад кард. (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/344
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/344
الترجمة الطاجيكية
وَكَذَٰلِكَ زَيَّنَ لِكَثِيرٖ مِّنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ قَتۡلَ أَوۡلَٰدِهِمۡ شُرَكَآؤُهُمۡ لِيُرۡدُوهُمۡ وَلِيَلۡبِسُواْ عَلَيۡهِمۡ دِينَهُمۡۖ وَلَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ مَا فَعَلُوهُۖ فَذَرۡهُمۡ وَمَا يَفۡتَرُونَ
Ҳамчунин коҳинон куштани фарзандро дар назари бисёре аз мушрикон биёростанд, то ҳалокашон кунанд ва дар бораи динашон ба шакку иштибохашон андозанд. Агар Худо мехост, чунин намекарданд. Пас бо дурӯғе, ки мебофанд, таркашои соз!
Tajik - Tajik translation