Ҳашт [раъси] нару мода [барои истифодаи шумо офарид] аз меш як ҷуфт ва аз буз як ҷуфт, [эй паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Оё [Аллоҳ таоло] он ду нарро ҳаром кардааст ё модаҳоро? Ё он чи ки раҳимҳои [ин] ду мода дар бар дорад? Агар рост мегӯед [ва бар таҳримашон далеле доред], аз рӯйи илм [-у мантиқ] ба ман хабар диҳед
الترجمة الطاجيكية - عارفي
143. Ҳашт ҷуфт чорпоро Аллоҳ бар бандагонаш ато кардааст; ду ҷуфт аз гӯсфанд — нару мода ва ду ҷуфт аз буз—нару мода. Бигӯ эй Расул барои мушрикон: «Оё Аллоҳ он ду нарро ҳаром кардааст агар гӯянд: Оре. Пас дурӯғ гуфтаанд, зеро ки онҳо ҳар як гӯсфанд ва бузи нарро ҳаром намешумориданд. Ва ё бигӯ барояшон он ду модаро Аллоҳ ҳаром гардондааст? Агар гӯянд: Оре. Низ дурӯғ гуфтаанд, зеро онҳо ҳар модае, ки аз гӯсфанд ва буз таваллуд мешуд ҳаром намешумориданд.
Ё барояшон бигӯ: он чиро, ки дар шиками модагон аст, Аллоҳ онро ҳаром гардондааст? Пас агар гӯянд: Оре. Низ дурӯғ гуфтаанд, зеро онҳо ҳаром намешумориданд ҳар як чизе дар ҷанин қарор дорад аз нару мода. Пас даъвояшон ботил шуд. Агар он чи рост мегӯед, аз рӯи илм ба ман хабар диҳед».
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12/184,185
Ё барояшон бигӯ: он чиро, ки дар шиками модагон аст, Аллоҳ онро ҳаром гардондааст? Пас агар гӯянд: Оре. Низ дурӯғ гуфтаанд, зеро онҳо ҳаром намешумориданд ҳар як чизе дар ҷанин қарор дорад аз нару мода. Пас даъвояшон ботил шуд. Агар он чи рост мегӯед, аз рӯи илм ба ман хабар диҳед».
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12/184,185
الترجمة الطاجيكية
ثَمَٰنِيَةَ أَزۡوَٰجٖۖ مِّنَ ٱلضَّأۡنِ ٱثۡنَيۡنِ وَمِنَ ٱلۡمَعۡزِ ٱثۡنَيۡنِۗ قُلۡ ءَآلذَّكَرَيۡنِ حَرَّمَ أَمِ ٱلۡأُنثَيَيۡنِ أَمَّا ٱشۡتَمَلَتۡ عَلَيۡهِ أَرۡحَامُ ٱلۡأُنثَيَيۡنِۖ نَبِّـُٔونِي بِعِلۡمٍ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ
Ҳашт ҷуфт аз гӯсфанд — нару мода ва аз буз—нару мода. Бигӯ: «Оё он ду нарро ҳаром кардааст ё он ду модаро ё он чиро, ки дар шиками модагон аст? Агар рост мегӯед, аз рӯи илм ба ман хабар диҳед».
Tajik - Tajik translation