Бигӯ: «Дар он чи [аз аҳкоми илоҳӣ, ки] ба ман ваҳй шудааст, [ғизои] ҳаромеро, ки хӯрданаш барои хӯрандае ҳаром бошад, намеёбам, магар [гӯшти] мурдор ё хуни рехта ё гӯшти хук, ки ҳатман, палид [наҷасу ҳаром] аст, ё [қурбоние, ки ҳангоми забҳ] аз рӯйи нофармонӣ, номи ғайри Аллоҳ таоло бар он бурда бошанд». Пас, ҳар ки [барои ҳифзи ҷони худ, ба хӯрдани онҳо] ночор шавад, агар саркаш ва зиёдахоҳ набошад [бар ӯ гуноҳе нест]. Ба ростӣ, ки Парвардигорат омурзандаи меҳрубон аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
145. Бигӯ эй Расул: «Дар миёни он чӣ бар ман ваҳй шудааст, чизеро, ки хӯрдани он ҳаром бошад, намеёбам, ҷуз худмурда (1) ё хуни рехта дар вақти забҳ, ё гӯшти хук, ки ҳамоно палид аст ё ҳайвоне, ки дар куштанаш аз ҷиҳати нофармонӣ кардан, бе гуфтани номи Аллоҳ забҳаш кунанд».Ва ҳар, ки дармондаву ночор шавад ба сабаби гуруснагии сахт, пас бихурад аз ин ҳаромшудаҳо ғайри таҷовузкунанда. Ҳамоно Парвардигори ту омӯрзандаву меҳрубон аст. (2)
____________________
1. Яъне бе забҳи шаръӣ мурда бошад
2. Тафсири Табарӣ 19 \ 190
____________________
1. Яъне бе забҳи шаръӣ мурда бошад
2. Тафсири Табарӣ 19 \ 190
الترجمة الطاجيكية
قُل لَّآ أَجِدُ فِي مَآ أُوحِيَ إِلَيَّ مُحَرَّمًا عَلَىٰ طَاعِمٖ يَطۡعَمُهُۥٓ إِلَّآ أَن يَكُونَ مَيۡتَةً أَوۡ دَمٗا مَّسۡفُوحًا أَوۡ لَحۡمَ خِنزِيرٖ فَإِنَّهُۥ رِجۡسٌ أَوۡ فِسۡقًا أُهِلَّ لِغَيۡرِ ٱللَّهِ بِهِۦۚ فَمَنِ ٱضۡطُرَّ غَيۡرَ بَاغٖ وَلَا عَادٖ فَإِنَّ رَبَّكَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ
Бигӯ: «Дар миёни он чӣ бар ман ваҳй шудааст, чизеро, ки хӯрдани он ҳаром бошад, намеёбам ҷуз мурдор ё хуни рехта, ё гӯшти хук, ки палид аст ё ҳайвоне, ки дар куштанаш аз ҷиҳати нофармонӣ кардан, бе гуфтани номи Оллоҳ забҳаш кунанд». Агар касе ночор ба хӯрдан гардад, ҳар гоҳ бемайлй ҷӯяд ва аз хад нагузаронад; бидонад, ки Худо бахшанда ва меҳрубон аст!
Tajik - Tajik translation