Ва ба моли ятим наздик нашавед, магар ба беҳтарин шакл [ки ба суду салоҳи ӯ бошад], то ба синни [булуғ ва] рушди худ бирасад ва [санҷиши] паймона ва тарозуро ба адолат комил кунед.Мо ҳеҷ касеро ҷуз ба андозаи тавонаш мукаллаф намесозем ва ҳангоме ки сухан мегӯед [ё гувоҳӣ медиҳед], пас, адолатро риоя кунед, ҳарчанд, [дар бораи] хешованд бошад ва ба аҳду паймони Аллоҳ таоло вафо кунед. Ин аст [он чи Аллоҳ таоло] шуморо ба [пайравӣ аз] он супориш кардааст, бошад, ки панд гиред
الترجمة الطاجيكية - عارفي
152. Ва ба моли ятим наздик машавед, магар ба некӯтарин ваҷҳе, ки ба фоидаи ӯ бошад, то ба синни булуғ расад. Ва паймонаву вазнро аз рӯи адл комил кунед! Мо ба касе ҷуз ба андозаи тавоноиаш таклиф намекунем. Ва ҳар гоҳ сухан гӯед, одилона гӯед, (1) ҳарчанд ба зиёни хешовандонатон бошад. Ва ба аҳди Аллоҳ вафо кунед! Инҳост он чӣ Аллоҳ шуморо ба он супориш мекунад, бошад, ки панд гиред!
____________________
1. Дар хабар, гувоҳӣ додан, ҳукм кардан ё кумак кардан
____________________
1. Дар хабар, гувоҳӣ додан, ҳукм кардан ё кумак кардан
الترجمة الطاجيكية
وَلَا تَقۡرَبُواْ مَالَ ٱلۡيَتِيمِ إِلَّا بِٱلَّتِي هِيَ أَحۡسَنُ حَتَّىٰ يَبۡلُغَ أَشُدَّهُۥۚ وَأَوۡفُواْ ٱلۡكَيۡلَ وَٱلۡمِيزَانَ بِٱلۡقِسۡطِۖ لَا نُكَلِّفُ نَفۡسًا إِلَّا وُسۡعَهَاۖ وَإِذَا قُلۡتُمۡ فَٱعۡدِلُواْ وَلَوۡ كَانَ ذَا قُرۡبَىٰۖ وَبِعَهۡدِ ٱللَّهِ أَوۡفُواْۚ ذَٰلِكُمۡ وَصَّىٰكُم بِهِۦ لَعَلَّكُمۡ تَذَكَّرُونَ
Ба моли ятим наздик машавед, магар ба некӯтарин ваҷҳе, ки ба салоҳи ӯ бошад то ба синни булуғ расад. Ва паймонаву вазнро аз рӯи адл комил кунед! Мо ба касе ҷуз ба андозаи тавонаш таклиф намекунем. Ва ҳар гоҳ сухан гӯед, одилона гӯед, ҳарчанд ба зиёни хешовандон бошад. Ва ба аҳди Худо вафо кунед! Инҳост он чӣ Худо шуморо ба он супориш мекунад, шояд, ки панд гиред!
Tajik - Tajik translation