Ва агар ононро ҳангоме ки дар пешгоҳи Парвардигорашон нигоҳ дошта мешаванд, бубинӣ, [шигифтзада мешавӣ. Аллоҳ таоло ба онон] мегӯяд: «Оё ин [зиндагии пас аз марг] ҳақ нест?» Онон мегӯянд: «Бале, қасам ба Парвардигорамон [ки ҳақ аст]. [Аллоҳ таоло] мегӯяд: «Пас, ба сазои он ки куфр меварзидед, ин азобро бичашед»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
30. Ва агар бубинӣ эй Паёмбар он ҳангомро, ки дар баробари Парвардигорашон истодаанд онҳое, ки зинда гардонидани баъд аз мирониданро инкор карда буданд, гуфта шавад: «Оё ин ҳақ нест?» Гӯянд: «Оре, савганд ба Парвардигорамон!»
Гӯяд (Аллоҳ таъоло):
«Ба сабаби куфре, ки ба Аллоҳ ва расулаш дар дунё меварзидед, азобро бичашед!»
____________________
1. Тафсири Табарӣ 11/324
Гӯяд (Аллоҳ таъоло):
«Ба сабаби куфре, ки ба Аллоҳ ва расулаш дар дунё меварзидед, азобро бичашед!»
____________________
1. Тафсири Табарӣ 11/324
الترجمة الطاجيكية
وَلَوۡ تَرَىٰٓ إِذۡ وُقِفُواْ عَلَىٰ رَبِّهِمۡۚ قَالَ أَلَيۡسَ هَٰذَا بِٱلۡحَقِّۚ قَالُواْ بَلَىٰ وَرَبِّنَاۚ قَالَ فَذُوقُواْ ٱلۡعَذَابَ بِمَا كُنتُمۡ تَكۡفُرُونَ
Ва агар бубинӣ он ҳангомро, ки дар баробари Парвардигорашон истодаанд. Худо мегӯяд: «Оё ин ба ҳақ набувад?» Гӯянд: «Оре, савганд ба Парвардигорамон!» Гӯяд,: «Ба ҷазои он, ки кофир будаед, азоби Худоро бичашед!»
Tajik - Tajik translation