Ва [эй Паёмбар] ҳар гоҳ касоне, ки ба оёти Мо имон доранд, назди ту оянд, бигӯ: «Салом бар шумо. Парвардигоратон [дар ҳаққи шумо бахшоиш ва] раҳматро бар худ муқаррар доштааст. Ҳар касе аз шумо, ки ба нодонӣ кори баде анҷом диҳад ва онгоҳ тавба намояд ва [гузаштаи хешро] ислоҳ кунад, пас, [бидон, ки] яқинан, Ӯ омурзандаи меҳрубон аст»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
54. Чун биёянд назди ту (эй Паёмбар,) касоне, ки имон овардаанд ба оятҳои Мо пас, бигӯ: «Салом бар шумо! Аллоҳ бар хеш муқаррар кард, ки шуморо раҳмат кунад. Зеро ҳар кас аз шумо, ки аз рӯи нодонӣ кори бад (гуноҳ) кунад, он гоҳ тавба кунад ва некӯкор шавад ва амали солеҳ кунад, ҳамоно бидонад, ки Аллоҳ мебахшад гуноҳашро ва Ӯ омӯрзандаи гуноҳи тавбакунандагон аст ва бар онон меҳрубон аст». (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/262
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/262
الترجمة الطاجيكية
وَإِذَا جَآءَكَ ٱلَّذِينَ يُؤۡمِنُونَ بِـَٔايَٰتِنَا فَقُلۡ سَلَٰمٌ عَلَيۡكُمۡۖ كَتَبَ رَبُّكُمۡ عَلَىٰ نَفۡسِهِ ٱلرَّحۡمَةَ أَنَّهُۥ مَنۡ عَمِلَ مِنكُمۡ سُوٓءَۢا بِجَهَٰلَةٖ ثُمَّ تَابَ مِنۢ بَعۡدِهِۦ وَأَصۡلَحَ فَأَنَّهُۥ غَفُورٞ رَّحِيمٞ
Чун имоновардагон ба оёти Мо назди ту омаданд, бигӯ: «Салом бар шумо! Худо бар хеш муқаррар карда, ки шуморо раҳмат кунад. Зеро ҳар кас аз шумо, ки аз рӯи нодонӣ коре бад кунад, он гоҳ тавба кунад ва некӯтар шавад, бидонад, ки Худо бахшандаву меҳрубон аст».
Tajik - Tajik translation