Ва [мушрикон бузургӣ ва мақоми] Аллоҳ таолоро чунон ки сазовори Ӯст нашинохтанд, чаро ки гуфтанд: «Аллоҳ таоло бар [ҳеҷ] башаре чизе нозил накардааст». [Эй паёмбар] Бигӯ: «Он китоберо, ки Мӯсо овард, чи касе нозил кардааст? [Ҳамон китобе, ки] барои мардум рӯшноӣ ва раҳнамуде буд [ва шумо яҳудиён] онро ба сурати [пароканда бар] туморҳо дармеоваред [ва ҳар чиро ки мехоҳед] аз он ошкор месозед ва бисёреро пинҳон мекунед.Ва [акнун, эй қавми араб] чизҳое [аз оёт ва ахбори Қуръон] ба шумо омӯхта шуд, ки на худ медонистед ва на падаронатон». [Эй паёмбар] Бигӯ: «Аллоҳ таоло [онро нозил кардааст». Онгоҳ [дар ҷаҳлу гумроҳӣ] раҳояшон кун, то дар жарфо [-и ақоиди ботил]-и худ саргарми бозӣ бошанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
91. Вақте ки (яҳудиён ва мушрикон) мегӯянд, ки Аллоҳ ба ҳеҷ инсоне чизе нозил накардааст, Аллоҳро ончунон, ки лоиқи Ӯст, нашинохтаанд, бигӯ (эй Паёмбар): «Китоберо, ки Мӯсо барои рӯшноӣ ва ҳидояти мардум овард, ки онро бар ӯ нозил карда буд? Онро бар қоғазҳо навиштед, порае аз онро ошкор месозед, вале бештаринашро пинҳон медоред. Ба шумо чизҳое омӯхтанд, ки аз ин пеш на шумо медонистед ва на падаронатон медонистанд. Бигӯ: «Он Аллоҳ аст!»
Онҳоро бигузор, то дар ин баҳси ботили хеш дилхуш бошанд. (1)
____________________
1. Хабарҳо аз сифати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва паёмбарии ӯ
Онҳоро бигузор, то дар ин баҳси ботили хеш дилхуш бошанд. (1)
____________________
1. Хабарҳо аз сифати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва паёмбарии ӯ
الترجمة الطاجيكية
وَمَا قَدَرُواْ ٱللَّهَ حَقَّ قَدۡرِهِۦٓ إِذۡ قَالُواْ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ عَلَىٰ بَشَرٖ مِّن شَيۡءٖۗ قُلۡ مَنۡ أَنزَلَ ٱلۡكِتَٰبَ ٱلَّذِي جَآءَ بِهِۦ مُوسَىٰ نُورٗا وَهُدٗى لِّلنَّاسِۖ تَجۡعَلُونَهُۥ قَرَاطِيسَ تُبۡدُونَهَا وَتُخۡفُونَ كَثِيرٗاۖ وَعُلِّمۡتُم مَّا لَمۡ تَعۡلَمُوٓاْ أَنتُمۡ وَلَآ ءَابَآؤُكُمۡۖ قُلِ ٱللَّهُۖ ثُمَّ ذَرۡهُمۡ فِي خَوۡضِهِمۡ يَلۡعَبُونَ
Вақте ки мегӯянд, ки Худо бар ҳеҷ инсоне чизе нозил накардааст, Худоро ончунон, ки лоиқи Ӯст, нашинохтаанд, бигӯ: «Китоберо, ки Мӯсо барои рӯшноӣ ва ҳидояти мардум овард, чӣ касе бар ӯ нозил карда буд? Онро бар коғазҳо навиштед, порае аз онро ошкор месозед, вале бештаринро пинҳон медоред. Ба шумо чизҳо омӯхтанд, ки аз ин пеш на шумо медонистед ва на падаронатон медонистанд. Бигӯ: «Он Оллоҳ аст!» Он гоҳ раҳояшон соз, то ҳамчунон ба ботили худ дилхуш бошанд.
Tajik - Tajik translation