ترجمة معاني سورة الحديد
باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي
.
من تأليف:
فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
.
ﰡ
Он чӣ дар осмонҳо ва замин аст, барои Аллоҳ таоло тасбеҳ мегӯянд; ва Ӯ пирӯзманди ҳаким аст
Фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Ӯст; ҳаёт мебахшад ва марг медиҳад; ва бар ҳар коре тавоност
Ӯ азалӣ ва абадӣ аст ва пайдо ва нопайдо; ва ба ҳар чизе доност
Ӯст, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид; он гоҳ бар арш қарор гирифт. Ҳар чӣ дар замин нуфуз мекунад ё аз он бармеояд ва ҳар чӣ аз осмон фуруд меояд ё дар он суъуд мекунад, [ҳамаро] медонад; ва ҳар ҷо, ки бошед, ҳамроҳи шумост; ва Аллоҳ таоло ба он чӣ мекунед, биност
Фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Ӯст; ва ҳамаи умур танҳо ба Ӯ бозгардонда мешавад
[Бо тағйири тадриҷии фаслҳо] шабро дар рӯз мекашонад ва рӯзро дар шаб; ва Ӯ ба рози дилҳо доност
Ба Аллоҳ таоло ва Паёмбараш имон оваред ва аз амволе, ки шуморо ҷонишин [ва намояндаи худ дар истифода аз онҳо] қарор додааст, инфоқ кунед; зеро афроде аз шумо, ки имон биёваранд ва инфоқ кунанд, подоши бузурге [дар пеш] дорад
Чаро ба Аллоҳ таоло имон намеоваред, ҳол он ки Паёмбар шуморо фаромехонад, ки ба Парвардигоратон имон биёваред? Агар бовар доред [ба ёд дошта бошед, ки Аллоҳ таоло дар ин маврид] аз шумо паймон гирифтааст
Ӯст, ки оёти равшангаре бар бандааш нозил мекунад, то шуморо аз торикиҳо [-и куфру ширк] ба сӯйи нур [-и имон] раҳсипор гардонад, [зеро] Аллоҳ таоло нисбат ба шумо дилсӯзу меҳрубон аст
Чаро дар роҳи Аллоҳ таоло инфоқ намекунед, ҳол он ки мероси осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст? Касоне, ки пеш аз фатҳи [Макка] инфоқ карданд ва ҷангиданд, [бо дигарон] баробар нестанд. Дараҷаи онон волотар аз касонест, ки пас аз фатҳ инфоқ карданд ва ҷангиданд, вале Аллоҳ таоло ба ҳар ду гурӯҳ накутарин [подошҳо]-ро ваъда додааст ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст
Кист, ки ба Аллоҳ таоло воме наку диҳад [ва инфоқ кунад], то Аллоҳ таоло низ онро барояш чандин баробар созад ва [дар охират] подоше фохир дошта бошад?
[Ин подоши бузург дар] Рӯзест, ки мардону занони муъминро менигарӣ, ки нурашон пеши рӯ ва дар самти росташон ба шитоб ҳаракат мекунад [ва ба онон хитоб мешавад]: «Имрӯз башорати боғҳое [аз биҳишт] бар шумо бод, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст ва ҷовидона дар он ба сар хоҳед бурд. Ин аст ҳамон комёбии бузург».
Рӯзе, ки мардону занони мунофиқ ба муъминон мегӯянд: «Ба мо назаре бияфканед, то партаве аз нуратон баргирем». Ба онон гуфта мешавад: «Ба ақиб бозгардед ва касби нур кунед. Он гоҳ миёнашон деворе қарор мегирад, ки даре дорад, даруни он [ки ба сӯи муъминон аст] рӯ ба раҳмат аст ва берунаш [ки ба самти мунофиқон аст] рӯ ба азоб аст
[Мунофиқон] ба муъминон мегӯянд: «Магар мо [дар диндорӣ ва парастиш] ҳамроҳи шумо набудем?». Онон посух медиҳанд: «Бале, вале шумо [бо дурӯягӣ ва тазвир] худро ба фитна андохтед [ва ҳалок кардед] ва дар интизор [-и шикасти муъминон ва бозгашт ба ширку куфр] будед ва [дар бораи ёрӣ расонидани Аллоҳ таоло ба муъминон] тардид доштед ва орзуҳо [-и дурӯғин] фиребатон дод, то он ки фармон [-и маргатон аз ҷониби] Аллоҳ таоло дар ҳоле фаро расид, ки шайтон шуморо дар баробари Ӯ густох карда буд»
Имрӯз на аз шумо [мунофиқон] ғаромат мепазиранд ва на аз кофирон. Ҷойгоҳатон оташ аст, ки [ба ростӣ] шоистаи шумост ва чи бад саранҷоме аст!
Оё ҳангоми он фаро нарасидааст, ки дилҳои муъминон ба ёди Аллоҳ таоло ва каломи ҳаққе, ки нозил шудааст, фурутан шавад ва ҳамчун касоне набошанд, ки қаблан аҳли китоб буданд ва чун [аз биъсати паёмбаронашон] замоне тӯлонӣ бар онон гузашт, дилҳояшон сахт шуд ва бисёре аз онон аз динашон мунҳариф шуданд?
Огоҳ бошед, ки Аллоҳ таоло заминро пас аз хазону хушкиаш зинда месозад. [Эй мардум] Мусалламан, Мо нишонаҳо [-и тавону тадбири худ]-ро барои шумо ба равшанӣ баён кардаем, бошад, ки бияндешед
Бе гумон, мардону заноне, ки инфоқ мекунанд ва ба Аллоҳ таоло қарзе наку медиҳанд, савобашон дучандон мегардад ва [дар охират] подоше фохир [-у нек] хоҳанд дошт
Касоне, ки ба Аллоҳ таоло ва паёмбаронаш имон оварданд, ростгӯён [-и росткирдор] ҳастанд ва шаҳидон назди Парвардигорашон ба сар мебаранд ва [дар охират] подошу нурашон маҳфуз аст. Ва касоне, ки куфр варзиданд ва оёти Моро дурӯғ шумурданд, дузахианд
Бидонед, ки зиндагии дунё, бозича ва саргармӣ ва зевар аст ва фахрфурӯшӣ дар баробари якдигар ва афзунталабӣ дар амволу фарзандон. [Ин зиндагӣ] Дар масал ҳамчун боронест, ки гиёҳон [-и рӯйида ] аз он кишоварзонро ба шигифт меоварад; сипас [ин гиёҳи шодоб] пажмурда шавад, он гоҳ мебинӣ, ки зард мешавад ва сипас хошок мегардад ва дар охират [насиби мунофиқону кофирон] азоби шадид аст ва [насиби муъминон] омурзишу хушнудии илоҳӣ аст. [Дар ҳар ҳол] Зиндагии дунё чизе ҷуз [лаззату] бархӯрдории фонӣ [ва фиребанда] нест
[Эй мардум] Барои расидан ба омурзиши Парвардигоратон ва биҳиште, ки паҳнои он ҳамчун паҳнои осмону замин аст, аз якдигар пешӣ бигиред. [Ин биҳишт] Барои касоне омода шудааст, ки ба Аллоҳ таоло ва паёмбаронаш имон овардаанд. Ин [подош ношӣ аз] фазли илоҳӣ аст, онро ба ҳар ки бихоҳад [ва шоиста бидонад], ато мекунад, ки Аллоҳ таоло фазлу бахшиши беҳад дорад
Ҳеҷ осебе дар замин ва ё дар вуҷуди шумо рӯй нахоҳад дод, магар он ки пеш аз эҷодаш дар дафтари [илми илоҳӣ] рақам хӯрдааст. Ба ростӣ, ки ин кор бар Аллоҳ таоло осон аст
[Ин нуктаро тазаккур додем] То бар он чи аз дастатон меравад, афсӯс нахӯред ва бад-он чи ба даст меоваред, сармаст нагардед, ки Аллоҳ таоло ҳеҷ мутакаббири фахрфурӯшеро дӯст намедорад
Ҳамон касоне, ки бухл меварзанд ва мардумро ба бухл во медоранд ва ҳар ки [аз инфоқ] рӯй бигардонад, [бидонад, ки] Аллоҳ таоло бениёзи сутуда аст
Мо паёмбарони хешро бо нишонаҳои равшан фиристодем ва ҳамроҳашон китобу мизон [-и ташхиси ҳақ аз ботил] нозил кардем, то мардум ба адолат бархезанд. Ва оҳан [ва соири фулузот]-ро падид овардем, ки дар он ҳам неруе шадид вуҷуд дорад ва ҳам манофее барои мардум. [Чунин кардем] То Аллоҳ таоло бидонад, чи касоне бидуни он ки Парвардигорашонро бубинанд, [бо ҷангафзорҳои оҳанин] Ӯ ва паёмбаронашро [дар майдонҳои ҷанг] ёрӣ мекунанд. Бе тардид, Аллоҳ таоло неруманди шикастнопазир аст
Мо Нуҳ ва Иброҳимро [ба рисолат] фиристодем ва дар миёни фарзандонашон [мавҳибати] паёмбарӣ ва китоб муқаррар доштем. Бархе аз онон роҳ ёфтанд ва бисёре аз онон нофармонӣ карданд
Сипас ба дунболи онон паёмбарони дигарамонро [мабъус кардем] ва сипас Исо писари Марямро фиристодем ва Инҷилро ба ӯ ато намудем ва дар дили пайравонаш раъфат ва меҳрубонӣ ниҳодем, вале [дунёгурезӣ ва] раҳбониятеро, ки бидъат ниҳоданд, Мо бар онон муқаррар надоштем ва ҳарчанд ҳадафашон ҷалби хушнудии илоҳӣ буд, вале ҳаққи онро [чунонки бояд] риоят накарданд. Аз ин рӯ, Мо ба афроде аз эшон, ки имон оварданд, подошашонро ато кардем, вале бисёре аз онон [ба бероҳа рафтанд ва] нофармон буданд
Эй муъминон, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва ба паёмбараш [холисона] имон биёваред, то Аллоҳ таоло аз раҳмати хеш баҳраи дучандон ба шумо ато намояд ва бароятон нуре падид оварад, ки дар партави он гом бардоред ва шуморо бибахшояд. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
[Инро баён кардем] То аҳли китоб бидонанд, ки ба фазлу бахшиши илоҳӣ дастрасӣ надоранд [ва наметавонанд онро ба касе ихтисос диҳанд ё аз касе боздоранд] ва ин ки тамоми бартарӣ ба дасти Аллоҳ таоло аст ва ба ҳар кӣ бихоҳад [ва шоиста бидонад] ато мекунад. Бе гумон, Аллоҳ таоло фазлу бахшиши беҳад дорад