Ва [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло чизҳоеро мепарастанд, ки на ба онон зиёне мерасонанд ва на судашон мебахшад ва мегӯянд: «Ин бутҳо [воситаҳо ва] шафоатгарони мо назди Аллоҳ таоло ҳастанд». [Эй паёмбар] Бигӯ: «Оё [ба гумони худ] Аллоҳ таолоро аз чизе [шарике] огоҳ месозед, ки дар осмонҳо ва замин [барояш қоилед ва худ] намедонад?» Ӯ муназзаҳ аст ва аз ончи бо вай шарик месозанд, бартар аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
18. Мушрикон ғайри Аллоҳ чизҳоеро мепарастанд, ки на судашон мерасонад на зиён. Ва мегӯянд: «Инҳо (бутон) шафоаткунандагони мо дар назди Аллоҳанд». Бигӯ барояшон эй Паёмбар: «Оё хабардор мекунед Аллоҳро ба он чӣ намедонад дар осмонҳо ва замин? Аллоҳ пок аст ва аз он чӣ бо Ӯ шарик месозед, бузургтар аст!»(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4/126
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4/126
الترجمة الطاجيكية
وَيَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَا يَضُرُّهُمۡ وَلَا يَنفَعُهُمۡ وَيَقُولُونَ هَـٰٓؤُلَآءِ شُفَعَـٰٓؤُنَا عِندَ ٱللَّهِۚ قُلۡ أَتُنَبِّـُٔونَ ٱللَّهَ بِمَا لَا يَعۡلَمُ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَلَا فِي ٱلۡأَرۡضِۚ سُبۡحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ
Ғайри Худо чизҳоеро мепарастанд, ки на судашон мерасонад на зиён. Ва мегӯянд: «Инҳо шафеъони мо дар назди Худоянд». Бигӯ: «Оё ба Худо аз чизе хабар медиҳед, ки дар замину осмон аз он хабаре надорад? Худо пок аст ва аз он чӣ бо Ӯ шарик месозед, болотар аст!»
Tajik - Tajik translation