Пас, чаро дар миёни умматҳои пеш аз шумо, ҷуз андаке аз онон, ки [аз азоб] наҷоташон додем,[муъминон ва] хирадмандоне набуданд, ки [мардумро] аз фасод дар замин боздоранд? Ва касоне, ки ситам карданд, ба дунболи нозу неъмате, ки ёфта буданд, рафтанд ва гунаҳгор буданд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
116. Пас, чаро аз мардуми он асрҳое, ки пеш аз шумо буданд, аҳли хирад нашуданд, ки аз фасод дар замин манъ кунанд, магар шумораи андаке аз онҳо, ки наҷот додем. Ва ситамгарон чизеро пайравӣ карданд, ки ба он осудагӣ дода шуданд ва ба лаззатҳои дунё машғул шуданд ва бо ин корашон
гунаҳкор буданд ва нобуд шуданд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\205
гунаҳкор буданд ва нобуд шуданд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\205
الترجمة الطاجيكية
فَلَوۡلَا كَانَ مِنَ ٱلۡقُرُونِ مِن قَبۡلِكُمۡ أُوْلُواْ بَقِيَّةٖ يَنۡهَوۡنَ عَنِ ٱلۡفَسَادِ فِي ٱلۡأَرۡضِ إِلَّا قَلِيلٗا مِّمَّنۡ أَنجَيۡنَا مِنۡهُمۡۗ وَٱتَّبَعَ ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ مَآ أُتۡرِفُواْ فِيهِ وَكَانُواْ مُجۡرِمِينَ
Чаро дар миёни мардумоне, ки пеш аз шумо буданд, ғайри андаке, ки аз он миён наҷоташон додем, хирадмандоне набуданд, то мардумонро аз фасод кардан дар замин боздоранд? Золимон аз паи осудагиву лаззати дунё рафтанд ва гунаҳкор буданд.
Tajik - Tajik translation