Гуфта шуд: «Эй Нуҳ, бо [амнияту] саломатӣ аз ҷониби Мо ва [низ ҳамроҳ бо] баракатҳои [фаровон] бар ту ва бар гурӯҳҳое, ки ҳамроҳат ҳастанд, [бар замин] фуруд о ва гурӯҳҳое [низ] ҳастанд, ки ба зудӣ ононро [аз неъматҳо] баҳраманд месозем, сипас азоби дардноке аз сӯйи Мо ба онон хоҳад расид»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
48. Гуфта шуд: Эй Нӯҳ, ҳароина, ба саломат ва баракоте, ки бар туву онҳо, ки ҳамроҳи туанд, арзонӣ доштаем, фуруд ой аз киштӣ. Ва умматҳое ҳастанд аз зурриёти ҳамроҳони ту, ки онҳоро аз неъматҳои дунё бархурдор месозем, он гоҳ мерасад онҳоро азоби дардовари Мо дар охират.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\327
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\327
الترجمة الطاجيكية
قِيلَ يَٰنُوحُ ٱهۡبِطۡ بِسَلَٰمٖ مِّنَّا وَبَرَكَٰتٍ عَلَيۡكَ وَعَلَىٰٓ أُمَمٖ مِّمَّن مَّعَكَۚ وَأُمَمٞ سَنُمَتِّعُهُمۡ ثُمَّ يَمَسُّهُم مِّنَّا عَذَابٌ أَلِيمٞ
Гуфта шуд: «Эй Нӯҳ ба саломат ва баракоте, ки бар туву онҳо, ки ҳамроҳи туанд, арзонӣ доштаем, фуруд ой. Ва умматҳое ҳастанд, ки онҳоро бархурдор месозем, он гоҳ дастхуши азоби дардовари Мо мешаванд».
Tajik - Tajik translation