Ва ба сӯйи [қавми] Самуд бародарашон Солеҳро [фиристодем]. Ӯ гуфт: «Эй қавми ман Аллоҳро бипарастед, ки ҷуз Ӯ маъбуде [бар ҳақ] надоред. Ӯ шуморо аз замин падид овард ва ободонии онро ба шумо вогузошт, пас, аз Ӯ омурзиш биталабед, сипас ба сӯяш бозгардед [ва тавба кунед]. Бе тардид, Парвардигорам наздик [ва] иҷобатгар аст»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
61. Ва бар қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем, Пас барояшон гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳи барҳақро бипарастед! Шуморо ҷуз Ӯ маъбуди барҳақе нест. Ӯст, ки шуморо аз замин падид овардааст ва шуморо дар замин зиндагонӣ(1) ва бақо дод. Пас, омурзиш хоҳед аз гуноҳонатон ва ба даргоҳаш бозгашта тавба кунед. Албатта, Парвардигори ман наздик аст барои шахсе, ки Ӯро бо ихлос ибодат мекунад ва дуоҳоро иҷобат мекунад!(2)
____________________
1. Умри дарозашон дод, ҳатто яке аз онон аз сесад сол то ҳазор сол умр медид. Тафсири Бағавӣ 4\ 185 2. Тафсири Бағавӣ 4\ 185
____________________
1. Умри дарозашон дод, ҳатто яке аз онон аз сесад сол то ҳазор сол умр медид. Тафсири Бағавӣ 4\ 185 2. Тафсири Бағавӣ 4\ 185
الترجمة الطاجيكية
۞وَإِلَىٰ ثَمُودَ أَخَاهُمۡ صَٰلِحٗاۚ قَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥۖ هُوَ أَنشَأَكُم مِّنَ ٱلۡأَرۡضِ وَٱسۡتَعۡمَرَكُمۡ فِيهَا فَٱسۡتَغۡفِرُوهُ ثُمَّ تُوبُوٓاْ إِلَيۡهِۚ إِنَّ رَبِّي قَرِيبٞ مُّجِيبٞ
Ва бар қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман. Худой якторо бипарастед! Шуморо ҷуз Ӯ худое нест. Ӯст, ки шуморо аз замин падид овардааст ва хост, ки ободонаш доред. Пас бахшоиш хоҳед ва ба даргоҳаш тавба кунед. Албатта Парвардигори ман наздик аст ва дуъоҳоро иҷобат мекунад!»
Tajik - Tajik translation