Ва [мушрикон] бо сахттарин савгандҳояшон ба Аллоҳ таоло савганд хӯрданд, ки агар муъҷизае [ки хостаанд] бар эшон биояд, ҳатман, имон меоваранд. [Эй паёмбар] Бигӯ: «Муъҷизот фақат дар ихтиёри Аллоҳ таоло аст»ва шумо [эй муъминон] чи медонед, ки агар [муъҷизае ҳам] биёяд, имон намеоваранд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
109. Мушрикон ба сахттарин қасамҳо ба Аллоҳ савганд ёд карданд, ки агар Муҳаммад мӯъҷизае бар мо биёварад, ба ӯ имон меоварем. Бигӯ (эй Паёмбар): «Ҳамоно ҳамаи мӯъҷизаҳо назди Аллоҳ аст ва Ӯ қодир аст бар овардани он, ҳар вақте ки хоҳад ва шумо (эй мӯъминон) аз куҷо медонед, ки агар мӯъҷизае ҳам нозил шавад, имон намеоваранд». (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12\41
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12\41
الترجمة الطاجيكية
وَأَقۡسَمُواْ بِٱللَّهِ جَهۡدَ أَيۡمَٰنِهِمۡ لَئِن جَآءَتۡهُمۡ ءَايَةٞ لَّيُؤۡمِنُنَّ بِهَاۚ قُلۡ إِنَّمَا ٱلۡأٓيَٰتُ عِندَ ٱللَّهِۖ وَمَا يُشۡعِرُكُمۡ أَنَّهَآ إِذَا جَآءَتۡ لَا يُؤۡمِنُونَ
То он ҷо, ки тавонистанд, ба сахттарин қасамҳо ба Худо савганд ёд карданд, ки агар мӯъҷизае бар онҳо нозил шавад, ба он имон оварданд. Бигӯ: «Ҳамаи мӯъҷизаҳо назди Худост ва шумо аз куҷо медонед, ки агар мӯъҷизае нозил шавад, имон намеоваранд».
Tajik - Tajik translation