Ё нагӯед: «Агар китоб [-и осмонӣ] бар мо нозил мешуд, аз онон роҳёфтатар будем». Пас, бе тардид, [ин ки] аз ҷониби Парвардигоратон далели равшан ва ҳидоят ва раҳмате бароятон омадааст. Пас, кист ситамгортар аз он ки оёти Аллоҳ таолоро дурӯғ ангорад ва аз он рӯ бигардонад? Ба зудӣ касонеро, ки аз оёти Мо рӯ мегардонанд, ба сазои он ки [ба каломи илоҳӣ] пушт мекарданд, ба азоби сахт [-у дардовар] муҷозот хоҳем кард
الترجمة الطاجيكية - عارفي
157. Ё нагӯед (эй мушрикон), ки агар бар мо низ китоб нозил мешуд, (чунон ки бар яҳуду насоро нозил шуд), беҳтар аз онон ба роҳи ҳидоят мерафтем. Ҳамоно бар шумо низ аз ҷониби Парвардигоратон далели равшан ва ҳидоят ба сӯи ҳақ раҳмат ба уммат фаро расид. Ва кист ситамгортар аз касе, ки оёти Аллоҳро дурӯғ пиндорад ва аз онҳо рӯй бигардонад? Ба зудӣ касонеро, ки аз оёти Мо рӯй мегардонанд, ба сабаби ин рӯйгардониашон аз оёти Мо, дар оташи ҷаҳаннам ба азоби бад ҷазо хоҳем дод!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12/242
____________________
1. Тафсири Табарӣ 12/242
الترجمة الطاجيكية
أَوۡ تَقُولُواْ لَوۡ أَنَّآ أُنزِلَ عَلَيۡنَا ٱلۡكِتَٰبُ لَكُنَّآ أَهۡدَىٰ مِنۡهُمۡۚ فَقَدۡ جَآءَكُم بَيِّنَةٞ مِّن رَّبِّكُمۡ وَهُدٗى وَرَحۡمَةٞۚ فَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّن كَذَّبَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَصَدَفَ عَنۡهَاۗ سَنَجۡزِي ٱلَّذِينَ يَصۡدِفُونَ عَنۡ ءَايَٰتِنَا سُوٓءَ ٱلۡعَذَابِ بِمَا كَانُواْ يَصۡدِفُونَ
Ё нагӯед, ки агар бар мо низ китоб нозил мешуд, беҳтар аз онон ба роҳи ҳидоят мерафтем. Бар шумо низ аз ҷониби Парвардигоратон далели равшан ва ҳидояту раҳмат фаро расид. Пас чӣ касе ситамкортар аз он кас аст, ки оёти Худоро дурӯғ пиндошт ва аз онҳо рӯйгардон шуд? Ба зудӣ касонеро, ки аз оёти Мо рӯйгардон шудаанд, ба сабаби ин рӯйгардониашон ба азобе бад ҷазо хоҳем дод!
Tajik - Tajik translation