ترجمة سورة التكوير

الترجمة الطاجيكية
ترجمة معاني سورة التكوير باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.       Чун офтоб дар ҳам печида шавад ва нураш хира шавад
2.       ва чун ситорагон тира шаванд
3.       ва чун кӯҳҳо аз ҷои худ беҷо бишаванд ва пора-пора шаванд
4.       ва чун шутурони ҳомила ба ҳоли худ бесоҳиб гузошта шаванд
5.       ва чун ҷонварони ваҳшӣ ҷамъ оварда шаванд,
6.       ва чун дарёҳо оташ гиранд
7.       ва чун рӯҳҳо бо ҷасадҳо наздик шаванд ва ҷамъ оянд
8.       ва чун аз духтари зинда ба гӯр шуда пурсида шавад, ки
9.       ба чӣ гуноҳе кушта шудааст
10.   ва чун саҳифаҳои аъмол боз шаванд,
11.   ва чун осмон аз ҷои худ канда шавад
12.   ва чун ҷаҳаннам афрӯхта шӯълавар гардад
13.   ва чун биҳишт наздик оварда шавад,
14.   ҳар кас бидонад, ки чӣ омода кардааст, аз хубӣ ва бадиҳо.
15.   Аллоҳ савганд ёд мекунад ба ситорагони бозгарданда, ки дар рӯз пинҳон мешаванд,
16.   ситорагони сайркунандаи ғоибшаванда(1)
____________________
1. Зуҳал, Муштарӣ, Миррих, Зуҳра ва Уторид
17.   ва савганд ба шаб, чун торик
шавад
18.   ва савганд ба субҳ, чун бидамад,
19.   ки ин Қуръон сухани расули бузургвор Ҷабраил (алайҳиссалом) аст,
20.   Ӯ нерӯманд аст, дар назди Аллоҳи Арш, дорои мақоми болост,
21.   он ҷо(1) дар назди Аллоҳ фармонбардоршуда, боваринок аст
____________________
1. Дар малакути осмон
22.   Ва ҳамсӯҳбати шумо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) девона нест.
23.   Ба дурустӣ, ӯ Ҷабраилро ба сурати ҳақиқааш дар уфуқи равшан дидааст.
24.   Ва он чиро аз ғайб ба ӯ гӯянд, дареғ намедорад.
25.   Ва он (Қуръон) гуфтаи шайтони рондашуда нест, балки сухан ва ваҳйи Илоҳӣ аст.
26.   Пас ба куҷо меравед баъди ин қадар ҳуҷҷатҳои қотеъ?
27.   Ин китоб, пандест барои ҷаҳониён,
28.   барои ҳар кас аз шумо, ки бихоҳад росткирдор шавад.
29.   Ва шумо ростӣ ва истиқоматро намехоҳед ва бар ин хост қодир ҳам намебошед, магар он чиро, ки Парвардигори ҷаҳониён бихоҳад.
Icon