Ва кист ситамгортар аз он кас, ки [бо нисбат додани фарзанд ё шарик] бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандад? Онон [рӯзи қиёмат] бар Парвардигорашон арза мешаванд ва гувоҳон [паёмбарон ва фариштагон] мегӯянд: «Инҳо ҳамон касоне ҳастанд, ки бар Парвардигорашон дурӯғ мебастанд». Ҳон! Лаънати Аллоҳ таоло бар ситамгорони [мушрик] бод!!
الترجمة الطاجيكية - عارفي
18. Чӣ кас ситамкортар аз он касест, ки ба Аллоҳ дурӯғ мебандад? Онҳо ба пеши Парвардигорашон рӯзи қиёмат оварда мешаванд, пас аз амалҳояшон мепурсад ва шоҳидон(1) гувоҳӣ хоҳанд дод, ки инҳо касоне ҳастанд, ки бар Парвардигорашон
дурӯғ мебастаанд. (Аллоҳ мефармояд:) Лаънати Аллоҳ бар ситамкорон бод;
____________________
1. Фариштагон ва паёмбарон.
дурӯғ мебастаанд. (Аллоҳ мефармояд:) Лаънати Аллоҳ бар ситамкорон бод;
____________________
1. Фариштагон ва паёмбарон.
الترجمة الطاجيكية
وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًاۚ أُوْلَـٰٓئِكَ يُعۡرَضُونَ عَلَىٰ رَبِّهِمۡ وَيَقُولُ ٱلۡأَشۡهَٰدُ هَـٰٓؤُلَآءِ ٱلَّذِينَ كَذَبُواْ عَلَىٰ رَبِّهِمۡۚ أَلَا لَعۡنَةُ ٱللَّهِ عَلَى ٱلظَّـٰلِمِينَ
Чӣ кас ситамкортар аз он касест, ки ба Худо дурӯғ мебандад? Инҳоро ба Парвардигорашон арза хоҳанд дошт ва шоҳидон гувоҳӣ хоҳанд дод, ки инҳоанд, ки бар Парвардигорашон дурӯғ мебастаанд. Лаънати Худо бар ситамкорон бод;
Tajik - Tajik translation