Масали ин ду гурӯҳ [кофиру муъмин] ҳаммонанди нобино ва ношунаво [аз як сӯ] ва бино ва шунаво [аз сӯйи дигар] аст. Оё бо якдигар баробаранд? Оё панд намегиред?
الترجمة الطاجيكية - عارفي
24. Мисоли ин ду гурӯҳ (мӯъминон ва кофирон) мисоли кӯру кар ва бинову шунавост. Гурӯҳи кофирон ҳақро намебинанд, ки онро пайравӣ намоянд ва намешунаванд, ки роҳ ёбанд, аммо гурӯҳи мӯъминон ҳуҷҷатҳои Аллоҳро мебинанд ва даъваташро қабул мекунанд. Оё мисоли ин ду гурӯҳ бо ҳам баробаранд? Чаро панд намегиред?(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\315
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\315
الترجمة الطاجيكية
۞مَثَلُ ٱلۡفَرِيقَيۡنِ كَٱلۡأَعۡمَىٰ وَٱلۡأَصَمِّ وَٱلۡبَصِيرِ وَٱلسَّمِيعِۚ هَلۡ يَسۡتَوِيَانِ مَثَلًاۚ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ
Мисоли ин ду гурӯҳ мисли кӯру кар ва бинову шунавост. Оё ин ду ба мисол бо ҳам баробаранд? Чаро панд намегиред?
Tajik - Tajik translation