«Эй қавми ман, барои [расонидани] ин [даъват] аз шумо подоше наметалабам. Подоши ман танҳо бар [уҳдаи] касест, ки маро офарид. Оё намеандешед?
الترجمة الطاجيكية - عارفي
51. Эй қавми ман, он чи ки ман шуморо ба он даъват менамоям аз холис ибодат кардан барои Аллоҳ ва тарк кардани ибодати бутпарастӣ, аз шумо музде наметалабам. Музди ман танҳо бо он касест, ки маро офаридааст. Чаро аз рӯи хирад намеандешед?(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\357
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\357
الترجمة الطاجيكية
يَٰقَوۡمِ لَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ أَجۡرًاۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَى ٱلَّذِي فَطَرَنِيٓۚ أَفَلَا تَعۡقِلُونَ
Эй қавми ман, дар баробари паёми худ аз шумо музде наметалабам. Музди ман танхо бо он касест, ки маро офаридааст. Чаро аз рӯи хирад намеандешед?
Tajik - Tajik translation