ترجمة سورة الأحزاب

الترجمة الطاجيكية
ترجمة معاني سورة الأحزاب باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.       Эй Паёмбар, аз Аллоҳ битарс(1) ва ба кофирону мунофиқон итоат макун.
Ҳароина, Аллоҳ ба ҳама чиз доно аст ва дар амр ва тадбири халқаш боҳикмат аст!(2)
____________________
1. Яъне, фармудаҳояшро ба ҷо ор ва аз манъкардаҳояш дур бош, то мӯъминон аз ту пайравӣ кунанд, зеро онҳо ба парҳезгорӣ аз ту ҳам эҳтиёҷмандтар ҳастанд.
2. Тафсири Бағавӣ 6\316
2.       Ба ҳар чӣ аз Парвардигорат ба ту ваҳй мешавад, (яъне, аз Қуръону Суннат) итоъат кун. Албатта, Аллоҳ ба он чи мекунед, огоҳ аст ва ҳеҷ чизе аз Ӯ пӯшида нест.
3.       Ва бар Аллоҳ таваккал кун ва ҳама умури зиндагиатро ба Аллоҳ супор, зеро Аллоҳ ҳофизу басанда аст барои шахсе, ки бар Ӯ таваккал карда ва ба сӯяш бозгаштааст.
4.        Аллоҳ барои ҳеҷ кас ду дил дар дарунаш қарор надодааст. Ва Аллоҳ ҳеҷ гоҳ занонатонро, ки бо зиҳор(1) модари худ мехонед, модаронатон қарор надод
ва писархондагонатонро фарзандатон насохт, зеро ин ду амал(2) ҳеҷ гоҳ дар таҳрими абадӣ ҳақиқат шуда наметавонад. Инҳо суханонест, ки аз ҳақиқат берун аст, ба забон мегӯед. Ва Аллоҳ ҳақ мегӯяд ва Ӯст, ки барои бандагонаш роҳ менамояд.
____________________
1. Дар ҷоҳилият мард занашро мегуфт: «Ту барои ман ҳамчун модарам ҳастӣ» ё мегуфт: «Пушти ту ҳамчун пушти модарам ҳаст» ва ин дар ҷоҳилият талоқ дониста мешуд. Аллоҳ таоло баён кард, ки ҳеҷ гоҳ зан (ҳамсар), модар ба ҳисоб намеравад ва ин ҳукмро бекор кард. 2. Яъне, занонро ба ҷои модар хондан ва писархондагон.
5. Писархондагонро ба номи падарашон бихонед, ки дар назди Аллоҳ мувофиқи инсоф аст. Агар дар ҳақиқат падарашонро намешиносед, пас онҳоро ба номи «бародари динӣ», ки байни шумо ҷамъ меоварад, бихонед, зеро онон бародарони динӣ ва маволии (ғуломҳои озодкардаи) шумо бошанд. Агар пеш аз ин хатое кардаед, боке нест, магар он ки ба қасди дил кунед. Ва Аллоҳ омурзандаи хатои банда аст ва ба тавбакунандагон меҳрубон аст!
6.       Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нисбат ба мӯъминон дар умури дину дунё аз худашон авлотар ва сазовортар аст ва ҳурмати занони ӯ ба монанди ҳурмати модарони мӯъминон ҳастанд, пас баъди вафоти Расули Аллоҳ никоҳ кардани занонаш раво нест ва дар китоби Аллоҳ хешовандони насабӣ дар мерос бурдан аз мӯъминону муҳоҷирон ба якдигар сазовортаранд(1), магар он ки бихоҳед ба яке аз дӯстони худ некӣ кунед ва саҳме аз моли худро ба онон бидиҳед. Ин ҳукм дар китоби Аллоҳ дар Лавҳул Маҳфуз навишта шудааст.(2)
____________________
1. Дар ибтидои Ислом мусалмонон бо василаи ҳиҷрат ва имон мерос мебурданд на хешовандон. Баъд аз он ин кор ба ояти мерос мансух шуд. 2. Ин оят, далолат бар воҷиб будани он мекунад, ки муқаддам доштани муҳаббати Расули Аллоҳ бар муҳаббати банда аз ҷонаш ва низ пурра таслим шудан дар тоати ӯ ва низ иззату эҳтиром доштани модарони мӯъминонро, яъне, ҳамсарони Расули Аллоҳ саллалоҳу алайҳи ва саллам. Касе онҳоро дашном дод, ба дурустӣ ба ҳалокат дучор гашт. Тафсири Табарӣ 20 \ 210
7.       Ва ба ёд ор эй Паёмбар, он ҳангомро, ки аз паёмбарон паймони маҳкам ва устувор гирифтем ва ҳамчунин аз туву аз Нӯҳ ва Иброҳим ва Мӯсо ва Исо писари Марям ва аз ҳамаи онҳо паймони сахте гирифтем, ки дар адои масъулияти расонидани даъват ва адои амонат ва тасдиқ кардани баъзеяшон баъзеро кутоҳӣ накунанд. Ва онон аз паёмбарони соҳибазманд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\213
8.       Аллоҳ он паймони маҳкамро аз инҳо (паёмбарон) гирифт, то паёмбарони ростгӯйро аз сидқашон бипурсад барояшон чӣ ҷавоб додаанд қавмашон. Пас, мӯъминонро подоши ҷаннат медиҳад ва барои кофирон азоби дардоваре муҳайё кардааст.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\213
9.       Эй касоне, ки имон овардед, аз неъмате, ки Аллоҳ ба шумо дар Мадина, дар ғазваи Хандақ додааст, ёд кунед, дар ҳангоме, ки лашкарҳо аз хориҷи Мадина ва яҳуду мунофиқон аз дохили Мадина бар сари шумо ҳуҷум карданд ва Мо бодро ва лашкарҳоеро, ки намедидед, бар сарашон фиристодем, то он ҷое, ки дегҳояшонро барканд ва хаймаҳояшонро сарнагун сохт, сипас дилҳояшонро тарс фаро гирифт ва Аллоҳ ба он чи мекардед, бино буд ва ҳеҷ чиз бар Ӯ пӯшида намемонад!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\659
10.   Ба хотир биёред, он вақтро, ки аз самти водии боло аз тарафи машриқ ва аз самти поин аз тарафи мағриб бар шумо тохтанд, чашмҳо аз шиддати даҳшат хира шуданд ва ҷонҳо аз шиддати тарс ба лаб расида буданд ва мунофиқонро ноумедӣ фаро гирифт ва ба ваъдаи Аллоҳ гумонҳои гуногун мебурдед.(1)
____________________
1. Яъне, (мунофиқон гумон карданд, ки) Аллоҳ динашро ёрӣ намекунад ва калима ва суханашро ба итмом намерасонад. Тафсири Саъдӣ 1 \ 659
11.   Дар он лаҳзаи душворӣ, мӯъминон имтиҳон карда шуданд ва мӯъмин аз мунофиқ маълум гашт ва бо тарсу ҳарос сахт такон хӯрданд, то имонашон маълум шавад ва бовариашон зиёд гардад!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\331
12.   Ва ба ёд оред, замонеро, ки мунофиқон ва онҳое, ки дар дилашон шакку шубҳа аст мегуфтанд: «Аллоҳ ва паёмбараш ҷуз ваъдаҳои дурӯғ ба мо ба монанди пирӯзӣ ва нусрат, ваъдаи дигаре надодаанд. Пас ӯро бовар накунед!»
13.   Ва ба ёд овар эй Расул, замонеро, ки гурӯҳе аз он мунофиқон гуфтанд: «Эй мардуми Ясриб(1), ин ҷо (хаймаҳои беруни Мадина) ҷои бозмонданатон нест, пас ба хонаҳои худ ба Мадина бозгардед». Ва гурӯҳе аз он мунофиқон баҳона карда аз Паёмбар рухсат талабиданд ва мегуфтанд: «Дар ҳақиқат, дар хонаҳои мо ҳифзкунандае нест». Хонаҳояшон беҳифзкунанда набуд, балки дурӯғ мегуфтанд, мехостанд аз майдони ҷанг бигурезанд.
____________________
1. Ясриб, ин номи қадимаи Мадина буд ва пеш аз ҳиҷрати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ном бурда мешуд.
14.   Ва агар лашкари душманон аз атрофи Мадина бар онҳо ворид мешуданд ва хонаҳояшонро муҳосира мекарданд, сипас пешниҳоди бозгашт ба куфр ва ширк ба онҳо мекарданд, мепазируфтанд ва ҷуз андаке барои интихоби он таваққуф намекарданд.
15.   Ба таҳқиқ, ин мунофиқон пеш аз ин ғазваи Хандақ бо Аллоҳ (яъне, ба дасти Расули Аллоҳ) паймон баста буданд, ки дар ҷанг ба душман пушт нагардонанд ва дар ҳоли даъват ба ҷиҳод дермонӣ накунанд, лекин паймони худро шикастанд. Ва аҳду паймони Аллоҳ пурсиш дорад ва аз он аҳд бозхост карда мешаванд.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 6\390
16.   Бигӯ эй Расул барои мунофиқон, агар аз марг ё кушта шудан дар майдони ҷанг бигурезед, ҳаргиз гурехтан фоидаатон надиҳад ва ба он умратон афзуда нашавад ва он гоҳ аз зиндагӣ дар дунё ҷуз андаке баҳраманд нахоҳед шуд. Ва ин зиндагии дунё дар баробари охират муддати кӯтоҳе аст.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\229
17.   Эй Расул, барояшон бигӯ: Агар Аллоҳ бароятон қасди бадӣ дошта бошад, кист, ки шуморо аз азоби Ӯ нигаҳ дорад ё бихоҳад ба шумо раҳмате арзонӣ дорад, кист, ки шуморо аз иродаи Ӯ нигаҳ дорад. Ба дурустӣ, Ӯ атокунанда, манъкунанда, зараррасонанда ва фоидадиҳанда аст. Он мунофиқон ҷуз Аллоҳ
барои худ дӯст ва мададгоре нахоҳанд ёфт.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\334
18.   Аллоҳ медонад чӣ касоне аз шумо мардумро аз берун рафтан барои ҷанг бозмедоранд ва низ мешиносад касонеро, ки ба бародарони худ мегӯянд:
Ба назди мо биёед (ба Муҳаммад гӯш наандозед), ки мо хавф мебарем ҳалок шуданатонро ва магар андаке ба ҷанг намеоянд ва агар ҳозир шаванд ҳам, фақат аз барои риё ё аз хавфест, ки бадиашон ошкор мешавад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\661
19.   Эй мӯъминон, ба сабаби душманию бадбиниашон бар шумо бухл меварзанд ва чун замони тарс пеш ояд, бубинӣ, ки ба ту менигаранд ва чашмонашон мисли касе, ки аз сакароти марг беҳуш шуда бошад, тагорӯй мешавад ва чун ҷанг поён ёфт, тарс аз миён биравад ва мебинӣ, ки аз ҳирси ғаноим (бойгарӣ) бо забони тезу тундӣ худ шуморо биранҷонанд. Инҳо ҳаргиз бо дилҳояшон имон наёвардаанд, пас Аллоҳ амалҳояшонро нобуд кардааст ва ин кор бар Аллоҳ осон будааст.
20.   Мунофиқон аз бими тарсашон гумон мекунанд, ки лашкарҳои Аҳзоб(1) ҳанӯз нарафтаанд ва агар он лашкарҳои кофирон бори дигар ба Мадина баргарданд орзу мекарданд ин мунофиқон, ки кош аз Мадина ғоиб мебуданд ва дар миёни аъроби бодиянишин мебуданд ва аз ахбори шумо мепурсиданд, агар ҳам дар миёни шумо мебуданд, ба сабаби бисёр буздилиашон ҷуз андаке ҷанг намекарданд.(2)
____________________
1. Онон, ки Аллоҳ таоло ба шикасти бад дучорашон кард. 2. Тафсири Саъдӣ 1\660
21.   Ҳақиқатан барои шумо эй мӯъминон, дар зиндагӣ, дар гуфтору кирдор ва ҳолатҳои Расули Аллоҳ сармашқи некӯе аст, барои онон, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат умед доранд ва Аллоҳро бисёр ёд мекунанд, пас шумо суннати ӯро бар худ лозим гиред ва шукри Аллоҳро дар ҳама ҳол ба ҷо оред.
22.   Ва чун мӯъминон он
гурӯҳҳоро диданд, ки атрофи Мадинаро иҳота кардаанд, ба ёд оварданд,(1) ки нусрати Аллоҳ наздик аст, гуфтанд: Ин ҳамон чизест, ки Аллоҳ ва Паёмбараш ба мо ваъда додааст; аз имтиҳон ва меҳнат ва нусрат, рост гуфтаанд ва ин ба онон ҷуз ба имон ва таслимашон наяфзуд. Яъне имонашон ба Аллоҳ ва амалашон ба фармудаҳои Ӯ зиёд гашт.
____________________
1. Ояти 214 сураи Бақараро ба ёд оварданд. (Эй мӯъминон, оё гумон кардед, ки вориди биҳишт шавед, ҳол он ки ҳанӯз он чи ба мӯъминоне, ки пеш аз шумо буданд, омад ва барои шумо наёмадааст? (Ба монанди камбағалй, касалӣ, тарс ва бим.) Онҳо дучори сахтӣ ва зиён шуданд ва парешон гаштанд, то он ҷо ки Паёмбар ва мӯъминони ҳамроҳи ӯ буда аз барои тез омадани ёрии Парвардигор мегуфтанд: "Ёрии Аллоҳ кай хоҳад расид?" Огоҳ бошед, ки ёрии Аллоҳ наздик аст). Тафсири Табарӣ 20 \ 236
23.   Аз мӯъминон мардоне ҳастанд, ки ба паймони Аллоҳ вафо карданд ва дар сахтию душвориҳо сабр пеша намуданд. Баъзе бар сари паймони хеш дар роҳи Аллоҳ ҷон бохтанд ё бар сидқу вафо аз дунё гузаштанд ва баъзе чашм ба роҳанд; ё нусрат ё шаҳодат ва мисли мунофиқон ҳеҷ паймонашонро дигаргун накардаанд,(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\660
24.   то Аллоҳ ростгӯёнро ба сабаби ростии гуфторашон подош диҳад ва мунофиқонро агар хоҳад азоб кунад. Ва пеш аз маргашон ба тавбаи насуҳ муваффақ нашаванд, пас бар куфр бимиранд ва муҷиби дӯзах гарданд ё тавбаи онҳоро бипазирад ва ба роҳи имон ҳидояташон кунад. Албатта, Аллоҳ барои касе, ки гуноҳи беҳад карда, баъд аз он тавбаи насуҳ кардааст, омурзандаву меҳрубон аст!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\242
25.   Аллоҳ кофирони хашмгирифтаро аз Мадина ноумед кард ва бозпас гардонид. Инҳо на дар дунё ва на дар охират ба ҳеҷ ғанимате даст наёфтанд. Ва дар майдони ҷанг мӯъминонро Аллоҳ бо мадади худ басанда аст. Зеро Аллоҳ дар мулки худ пуртавону пирӯзманд аст!
26.   Ва Аллоҳ ононро аз ахли Китоб, ки ба ин лашкарҳо мададгорӣ карда буданд аз қалъаҳояшон фуруд овард (яъне, яҳудиҳои бани Қурайза) ва дар дилҳояшон биму тарс афканд, пас шикаст хӯрданд. Гурӯҳе мардони ҷангиро мекуштанд ва гурӯҳе
занон ва кудаконашонро асир мегирифтанд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\660
27.    Эй мӯъминон, Аллоҳ замину хонаҳо ва амволашон, ки иборат аз зевару чорпоён ва силоҳ буд ва заминҳоеро, ки бар онҳо пой наниҳодаед, ки он заминҳо дар назди соҳибашон иззату эҳтиром доштанд, ба шумо вогузошт. Ва Аллоҳ бар ҳар коре тавоност!
28.    Эй Паёмбар, ба занонат онон, ки гирди ту ҷамъ омаданд ва аз ту нафақаи зиёд талаб доранд, бигӯ: « Агар хоҳони зиндагии дунё ва зинатҳои он ҳастед, биёед, то шуморо бо ҳадяи муносиб баҳраманд созам ва ба тарзи некӯ раҳоятон кунам.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\662
29.    Ва агар хоҳони ризогии Аллоҳу паёмбари Ӯ ва саройи ҷаннати доимии охират ҳастед, пас, ба ҳар ҳол сабр кунед. Ҳароина, Аллоҳ ба некӯкоронатон подоши бузурге хоҳад дод. Пас, онҳо ризогии Аллоҳ ва расулашро ва саройи охиратро ихтиёр намуданд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\662
30.    Эй занони Паёмбар, ҳар кас аз шумо ба кори зишти ошкоре муртакиб шавад, Аллоҳ азоби ӯро ду баробар мекунад. Ин ба сабаби ҷойгоҳи Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва мартабаи бузурги ҳамсаронашон аст. Ва ин бар Аллоҳ осон аст.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\348
31.    Ва ҳар кас аз шумо, ки фармонбардории Аллоҳ ва паёмбарашро давом диҳад ва кори шоиста кунад, назар ба дигар занон ду баробар ба ӯ подош медиҳем. Ва барои ӯ ризқи нек омода кардаем ва он ҷаннат аст.
32.    Эй занони Паёмбар, шумо дар манзалату бузургӣ монанди дигар занон нестед, агар аз Аллоҳ битарсед бо иҷро намудани фармудаҳояш ва дур будан аз нофармониҳояш, пас, ба одамони номаҳрам ба нармӣ сухан магӯед, то он марде, ки дар қалби ӯ маразе аст, ба тамаъ афтад. Ва сухани писандида бигӯед, ки он дур аз шак ва тибқи шариат бошад.(1)
____________________
1. Риоя кардани ин одоб бар ҳар зани мӯъминае, ки имон ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат дорад, воҷиб аст. Тафсири Саъдӣ 1 \ 663
33.    Ва дар хонаҳои худ бимонед, ба ҷуз барои ҳоҷати хеш берун наоед.
Ва чун дар ҷоҳилият (дар даврони пеш аз ислом) зинатҳои худро ошкор макунед. Ва намозро пурра дар вақташ бигузоред ва закоти муқаррар кардаи шариатро бидиҳед ва аз Аллоҳу паёмбараш итоат кунед. Эй аҳли байт,(1) ба таҳқиқ Аллоҳ мехоҳад палидию нопокиҳоро аз шумо дур кунад ва шуморо аз бадиҳо пок нигоҳ дорад.
____________________
1. Аҳли байт гуфта: занони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва зурриёташон дар назар аст.
34.    Он чиро, ки дар хонаҳоятон аз оёти Аллоҳ (Қуръон) ва ҳикмат (ҳадисҳои расули Аллоҳ) тиловат мешавад, ёд кунед ва ба суннаташ амал кунед ва эҳтиромашро ба ҷо оред, ки неъмати Аллоҳ аст, ба шумо арзонӣ шудааст. Ҳароина, Аллоҳ дақиқу нозукбин аст, ки шуморо дар хонаҳое қарор додааст дар он оёти Аллоҳ ва суннати Расулаш хонда мешавад ва огоҳ аст, ки шуморо аз зумраи ҳамсарони расулаш ихтиёр кардааст!(1)
____________________
1. Тасири Табарӣ 20\268
35.   Албатта, Аллоҳ барои мардони мусалмон ва занони мусалмон ва мардони мӯъмину занони мӯъмин ва мардони аҳли тоату занони аҳли тоат ва мардони ростгӯву занони роспӯй ва мардони босабру занони босабр ва мардони худотарсу занони худотарс ва мардони садақадиҳандаву занони садақадиҳанда ва мардони рӯзадору занони рӯзадор ва мардоне, ки шармгоҳи худ ҳифз мекунанд ва заноне, ки шармгоҳи худ ҳифз мекунанд ва мардоне, ки Аллоҳро бисёр ёд мекунанд ва заноне, ки Аллоҳро бисёр ёд мекунанд, омурзиши гуноҳ ва музди бузурге омода кардааст ва он ҷаннат аст!
36.   Ба ҳеҷ марди мӯъмину зани мӯъминаро шоиста нест, ки чун Аллоҳу Паёмбараш дар коре ҳукме карданд, онҳоро дар он корашон ихтиёре бошад, ки онро кунанд ё на, модоме ки фармоиши Аллоҳ ва Расулаш бошад беихтиёр амал кардан ба он ҳатмист. Ҳар кӣ аз Аллоҳу Паёмбараш нофармонӣ кунад, ба таҳқиқ дар гумроҳии ошкор афтодааст.
37.   Ва ту эй Расул, ба он мард (Зайд ибни Ҳорис)(1), ки Аллоҳ неъматаш дода буд ва ту низ неъматаш дода будӣ,(2) гуфтӣ: «Занат (Зайнаб бинти Ҷаҳш)-ро барои худ нигаҳ дор ва аз Аллоҳ битарс».
Дар ҳоле ки дар дили худ, он чизро,(3) ки Аллоҳ ошкоркунанда аст, махфӣ дошта будӣ ва аз мардум метарсидӣ, ки бигӯянд Муҳаммад зани талоқ кардаи писархондаашро ба занӣ гирифт, ҳол он ки Аллоҳ аз ҳар каси дигар сазовортар буд, ки аз Ӯ битарсӣ. Пас, чун Зайд аз ӯ ҳоҷати хеш бигузошт, (талоқаш дод) ба ҳамсарии туаш даровардем, то намуна шавӣ мӯъминонро дар заношӯӣ бо занони писархондагони худ, агар ҳоҷати хеш аз ӯ бигузорида бошад, (агар ӯро талоқ карда бошад) манъе набошад. Ва ҳукми Аллоҳ шуданист.(4)
____________________
1. Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам пеш аз нозил шудани ояти "писархондагӣ" ӯро ба худ писархон карда буд, пас аз нузули оят ӯро бо номи падараш хонд. 2. Яъне, озодаш кардӣ ва ӯро зан додӣ. 3. Яъне, он чиро, ки Аллоҳ ба ту ваҳй фиристода буд, аз талоқи Зайд занашро ва издивоҷи ту зани талоқ кардаи ӯро, яъне, Зайнабро. 4. Писархондагӣ ботил шуд, ки одати ҷоҳилият буд, сипас ба фармудаи Аллоҳ: "онҳоро бо номи падаронашон хонед". Тафсири Табарӣ 20 \ 275
38.    Бар паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар анҷом додани он чи ки Аллоҳ бар ӯ ҳалол кардааст(1), ҳараҷе (гуноҳе) нест, ҳамчунон ки Аллоҳ барои паёмбарони гузашта низ чунин суннате ниҳода буд ва фармони Аллоҳ ҳисобшуда ва дақиқ аст, бояд ҳатман иҷро шавад.(2)
____________________
1. Яъне, издивоҷ кардан занро баъди талоқи зани писархондаш. 2. Тафсири Саъдӣ 1\666
39.    Сипас Аллоҳ таоло паёмбарони гузаштаро зикр намуда ва онҳоро мадҳу сано гуфтааст. Касоне, ки паёмҳои Аллоҳро барои мардум мерасонанд ва танҳо аз Ӯ метарсанд ва аз ҳеҷ кас ҷуз Ӯ аз каси дигар ҳарос надоранд, Аллоҳ барои ҳисоб кардани аъмоли бандагонаш кофист!
40.    Муҳаммад падари ҳеҷ як аз мардони шумо нест. Ӯ Расули Аллоҳ ва хотами паёмбарон аст. Пас аз ӯ, то вуқӯъи қиёмат дигар паёмбаре намеояд. Ва Аллоҳ ба ҳар чизе аз амалҳои шумо доност ва чизе аз он бар Ӯ пӯшида нест!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\278
41.    Эй касоне, ки имон ба Аллоҳ овардаед (ва амал ба шариати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам кардаед,) Аллоҳро бо дилу забон ва узвҳои худ бисёр ёд кунед!
42.    Ва дар ҳама вақт ба ёди Аллоҳ бошед. Ва ҳар бомдоду шом баъди намозҳои фарз Ӯро тасбеҳ гӯед!(1)
____________________
1. Зеро ин ду вақт вақтҳои бузург ҳастанд, ки муҳаббати Аллоҳро ҷалб менамояд ва забонро аз гуноҳ боз медоранд ва бар корҳои нек кӯмак мерасонад ва зикри Аллоҳ дар ин вақтҳо машрӯъ аст.Тафсири Табарӣ 20\279
43.    Ӯст, ки Худ ва фариштагонаш бар шумо дуруд(1) мефиристанд, то шуморо аз торикиҳои куфр ва гумроҳӣ ба сӯи равшанӣ (яъне, Ислом) берун барад, зеро Аллоҳ бо мӯъминон меҳрубон аст, ҳам дар дунё ва ҳам дар охират ва онҳоро азоб намедиҳад, модоме, ки бо ихлос Ӯро итоат мекунанд!(2)
____________________
1. Дуруд аз ҷониби Аллоҳ лутф ва раҳмат аст ва аз ҷониби фариштагон истиғфору дуои хайр аст. 2. Тафсири Ибни Касир 6\436
44.    Рӯзе, ки бо Ӯ дар ҷаннат дидор кунанд, дурудашон ин аст: «Салом!» ва аз азоби Аллоҳ дар амонанд. Ва Аллоҳ барояшон подоши некӯе омода кардааст ва он ҷаннат аст.
45.   Эй Паёмбар, мо туро барои расонидани даъват фиристодем, то шоҳиду муждадиҳанда барои мӯъминон ва бимдиҳанда барои осиён бошӣ!
46.   Ва даъваткунанда мардумро ба фармони Аллоҳ ба сӯи Ӯ ба яктопарастӣ ва барояшон чароғи тобон бошӣ!(1)
____________________
1. Барои касоне, ки аз ту нур мегиранд, он ҳақиқате, ки ту овардӣ аз ҷониби Парвардигорат мисли офтоби тобон равшан аст, ба ҷуз саркашон ҳеҷ кас онро инкор намекунад. Тафсири Ибни Касир 6\439
47.   Ва эй Паёмбар, мӯъминонро мужда деҳ, ки аз сӯи Аллоҳ фазилати бузурге доранд ва он боғҳои биҳишт аст!
48.   Ва кофирону мунофиқонро итоат макун ва аз озорашон даргузар, то туро аз таблиғи рисолат бознадоранд ва дар ҳамаи кори зиндагиат бар Аллоҳ таваккал кун ва корҳои муҳимро бар Аллоҳ бисупор ва ҳамин кифоя аст, ки Аллоҳ корсоз ва ҳомии банда бошад ва Ӯ осонгардонандаи ҳама корҳост.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\667
49.    Эй касоне, ки имон ба Аллоҳ овардаед ва амал ба шариати Расули Ӯ доред, чун занони бо имонро никоҳ кардед ва пеш аз он ки бо онҳо ҳамсарӣ кунед, талоқашон гуфтед, шуморо бар онҳо иддае нест, ки шумо ҳисоби иддаи онро бишуморед. Пас, ононро ҳадяи муносиб диҳед, то баҳраманд шаванд ва ба некӯтарин роҳ ба хубӣ раҳояшон кунед.
50. Эй Паёмбар, барои ту ҳалол кардем он ҳамсаронатро, ки маҳрашонро додаӣ ва инчунин канизонеро, ки Аллоҳ дар ҷангҳо ғанимати ту гардондааст ва духтарони амак ва духтарони аммаҳо ва духтарони тағо ва духтарони холаҳои туро, ки бо ту ҳиҷрат кардаанд, издивоҷи онҳоро бар ту ва низ бар мӯъминон ҳалол кардем ва низ зани мӯъмине, ки агар худашро бидуни маҳр ба паёмбар бахшида бошад, ҳар гоҳ паёмбар бихоҳад, ӯро ба занӣ гирад, ҳалол кардаем. Ин ҳукм(1) махсуси туст, на барои дигар мӯъминон. Ба дурустӣ, ки Мо донистаем дар бораи занони мӯъминон ва канизонашон чӣ ҳукме ҳалол кардаем,(2) то барои ту мушкиле пеш наёяд. Ва Аллоҳ омурзандаву меҳрубон аст!
____________________
1. Яъне, хонадор шудан бо зане бидуни маҳр. 2. Мӯъминонро ҳалол нест, ки аз чаҳор зан беш издивоҷ кунанд, ба ҷуз аз канизонашон ва низ шарт аст, бояд дар издивоҷашон валӣ, маҳр ва шоҳид вуҷуд дошта бошад.
51. Аз ҳамсарони худ ҳар киро хоҳӣ, метавонӣ ҳамхобиашро ба таъхир андозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, метавонӣ бо худ
нигаҳ дорӣ. Ва агар аз онҳо, ки дурӣ доштаӣ, якеро боз биталабӣ, бар ту гуноҳе нест. Дар ин гузиниш ва ихтиёр бояд, ки шодмон бошанд ва ғамгин машаванд ва аз он чи ба онҳо медиҳӣ, бояд, ки хушнуд гарданд(1) ва Аллоҳ медонад, ки дар дилҳои шумо майли муҳаббат аст ба сӯи баъзе аз занонатон. Ва Аллоҳ доно аст бар дилҳои шумо ва бурдбор аст, ки гунаҳкоронро зуд ба иқоб намегирад!(2)
____________________
1. Зеро онҳо медонанд, ту амри воҷиберо тарк накарда ва дар адо кардани ҳаққе, ки бар ту лозим аст, кӯтоҳӣ наварзидаӣ. 2. Тафсири Табарӣ 20\296
52. Баъд аз ин занон дигар ҳеҷ зане бар ту ҳалол нест ва он занонеро, ки барои ту ҳалол кардем(1) ва низ дигар зане ба ҷои онҳо ихтиёр кардан ҳалол нест, ҳарчанд туро аз зебоии ӯ хуш ояд, магар он чи ба ғанимат ба дасти ту афтад. Ва Аллоҳ назораткунандаи ҳар чизест ва ҳар кореро анҷом диҳӣ, Аллоҳ онро медонад!(2)
____________________
1. Қиссаи он дар ояти 50-уми ин сура гузашт. 2. Тафсири Саъдӣ 1 \ 670
53. Эй касоне, ки ба Аллоҳ имон овардаед ва амал ба шариати Паёмбараш кардаед, ба хонаҳои паёмбар дохил машавед, магар шуморо ба хӯрдани таоме фаро хонанд, бе он ки мунтазир биншинед(1), то таом ҳозир шавад. Агар шуморо даъват карданд, дохил шавед ва чун таом хӯрдед, пас аз хӯрдани таом пароканда гардед. На он ки дар он ҷо барои гуфтугӯ нишинед. Албатта, ин корҳо Паёмбарро озор медиҳад ва ӯ аз шумо шарм медорад аз гуфтане, ки «хезед ва биравед», бо вуҷуде, ки ҳақ ба ҷониби ӯст. Вале Аллоҳ аз гуфтани ҳақ ва изҳори он шарм намедорад. Ва агар аз занони Паёмбар чизе пурсидан хостед, аз пушти парда пурсед, ин кор ҳам барои дилҳои шумо ва ҳам барои дилҳои онҳо покдорандатар аст. Шуморо насазад, ки Паёмбари Аллоҳро биёзоред ва на он ки ҳамсарҳояшро баъд аз вай ҳаргиз ба занӣ гиред. Албатта, ин корҳо дар назди Аллоҳ гуноҳи бузурге аст.(2)
____________________
1. Яъне, пеш аз таом омода шудан даромада, то омода шудани он мунтазир нашавед. 2. Чунки ҳамсарони Паёмбар дар дунё ва охират ҳамсарони ӯ ҳастанд ва ҳамчунин онҳо модарони мӯъминон ҳастанд. Тафсири Табарӣ 20 \ 316
54.    Эй мардум, агар чизеро аз озор додани паёмбар ошкор кунед ё дар дили худ махфӣ доред, пас дар ҳар ҳол Аллоҳ ба ҳар чизе, ки дар дилҳоятон ҳаст ё ошкор кардаед, огоҳ аст ва дар баробари он шуморо ҷазо медиҳад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\670
55. Занонро гуноҳе нест, агар дар назди падарону писарон ва бародарону бародарзодагон ва хоҳарзодагону занони ҳамдинашон ва ё канизони худашон бе ҳиҷоб бошанд. Ва бояд ки дар ҳама ҳолат аз Аллоҳ битарсед.(1) Ҳароина, Аллоҳ бар ҳар чизе ҳозиру нозир аст ва шоҳиди амалҳои зоҳирӣ ва ботинии бандагонаш мебошад. (2)
____________________
1. Яъне, зинати худро зоҳир макунед онеро, ки зоҳир карданаш ҷоиз нест ё тарк кардани ҳиҷоб назди касоне, ки пӯшидани ҳиҷоб дар назди онҳо воҷиб аст. 2. Тафсири Саъдӣ 1\671
56.   Ба таҳқиқ, Аллоҳ дар назди фариштагони муқаррабаш ва низ фариштагонаш
ба Паёмбар салавот мефиристанд. Эй касоне, ки ба Аллоҳ имон овардаед ва ба шариати Расулаш амал кардаед, бар ӯ салавот(1) фиристед ва салом гӯед, саломи некӯ.
____________________
1. Сифати салавот он аст, ки дар намоз баъд аз ташаҳҳуд хонда мешавад:
(Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммадин камо саллайта ало Иброҳим... )
57.   Ҳароина, касоне, ки Аллоҳро бо ширку маъсият ва Паёмбарашро бо гуфтору кирдор озор медиҳанд, Аллоҳ дар дунё ва охират онҳоро лаънат карда ва аз тамоми хубиҳои дунё ва охират маҳрумашон гардонидааст ва барояшон дар охират азоби хоркунандае муҳайё кардааст.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\375
58.   Ва касоне, ки мардони мӯъмину занони мӯъминро бе ҳеҷ гуноҳе, ки карда бошанд, меозоранд, пас дар ҳақиқат, туҳмату гуноҳи ошкореро бар дӯш мебардоранд ва дар охират мустаҳиқи азоб мегарданд.
59.   Эй Паёмбар, ба занону духтарони худ ва занони мӯъминон бигӯ, ки чодари худро бар сар пӯшанд, то сару рӯю сари синаҳо пӯшида бошанд. Ин муносибтар аст, то
ба покдоманӣ шинохта шаванд ва мавриди озор воқеъ нагарданд. Ва Аллоҳ омурзандаи гуноҳони гузаштаи шумо аст ва ба шумо бисёр меҳрубон аст, ки бароятон ҳалолу ҳаромро равшан сохтааст.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\671
60.   Агар мунофиқон(1) ва касоне, ки дар дилҳояшон шак ва шубҳа ва онҳое, ки дар Мадина овозаҳои бардурӯғ паҳн мекунанд ва дар дили мӯъминон ваҳм меандозанд, аз кори бади худ боз наистанд, ҳароина, Мо туро бар онҳо ғолиб мегардонем, то аз он пас ҷуз андаке бо ту дар Мадина ҳамсоя набошанд.
____________________
1. Мунофиқон касонеанд, ки имонро бар забонашон зоҳир мекунанд ва куфрро дар замири қалбашон пинҳон медоранд.
61.   Инҳо лаънатшудагонанд ва аз раҳмати Аллоҳ маҳруманд. Ҳар ҷо ёфта шаванд, бояд дастгир гарданд ва ба сахтӣ кушта шаванд, модоме, ки ба ғарази бадашон, хабарҳои бардурӯғро байни мусалмонон ривоҷ дода бар нифоқашон пойдору устуворанд.
62.   Ин суннати илоҳӣ, (яъне, асир гирифтан ва куштани мунофиқон), ки дар миёни пешиниён ҷори будааст, ки ҳар куҷо ёфта шаванд, бояд асир гирифта шаванд ва ба сахтӣ кушта шаванд ва ҳаргиз ту эй Паёмбар, дар суннати илоҳӣ тағйире нахоҳӣ ёфт!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\329
63.   (Эй Муҳаммад саллалллоҳу алайҳи ва саллам, мардум) туро аз омадани қиёмат мепурсанд, бигӯ барояшон: «Ҳамоно маърифати он назди Аллоҳ аст». Ва ту чӣ медонӣ, эй Паёмбар, шояд омадани қиёмат наздик бошад?(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\330
64.   Албатта, Аллоҳ кофиронро лаънат карда ва аз раҳмати худаш онҳоро дар дунёву
охират маҳрум сохтааст ва барояшон дар охират оташи сӯзоне муҳайё кардааст,
65.   ки дар он оташ ҷовидонаанд ва ҳеҷ дӯсту ёваре нахоҳанд ёфт, ки онҳоро аз оташ берун оранд.
66.   Рӯзе, ки рӯйҳояшонро дар оташ давр занонанд, ҳасрату афсӯс хӯрда мегӯянд: «Эй кош, дар дунё Аллоҳ ва расулашро итоат мекардем ва аз аҳли ҷаннат мешудем!»(1)
____________________
1.Тафсири Табарӣ 20\330
67.   Ва рӯзи қиёмат кофирон гуянд: «Эй Парвардигори мо, аз сарварону бузургони худ итоат кардем ва онон моро аз роҳи ҳақ ва имон дур карда гумроҳ карданд.
68.   Эй Парвардигори мо, азобашонро дучандон кун ва ба лаънати бузурге гирифторашон соз!»(1)
____________________
1. Дар ин оят далелест, ки мухолифати амри Аллоҳ ва расулаш муҷиби ғазаби Аллоҳ ва иқобаш аст.
69.   Эй касоне, ки ба Аллоҳ имон овардаед ва ба шариати Расулаш амал кардаед, мабошед монанди он касон, ки Мӯсоро бо гуфтору кирдорашон озурда карданд ва Аллоҳ ӯро аз он айбе, ки барои ӯ дурӯғ гуфта буданд, пок сохт ва Мӯсо назди Аллоҳ обрӯманд буд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\332
70.   Эй касоне, ки ба Аллоҳ имон овардаед ва ба шариати Расулаш амал кардаед, аз Аллоҳ битарсед, фармудаҳояшро ба ҷо оред ва аз манъкардашудаҳояш дур бошед, то муҷиби иқоби Ӯ нагардед ва сухани дуруст бигӯед, ки аз дурӯғу ботил пок бошад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\673
71.   Аллоҳ корҳои шуморо ба салоҳ меоварад ва гуноҳатонро меомӯрзад. Ва ҳар ки аз Аллоҳу Паёмбараш итоат кунад, пас дар ҳақиқат, дар дунёву охират ба комёбии бузурге ноил шудааст.
72.   Мо ин амонатро(1) бар осмонҳову замин ва кӯҳҳо арза доштем, пас онҳо аз таҳаммули он рӯй гардонданд ва аз он тарсиданд, ки шояд ин талабро ба ҷой оварда наметавонанд. Инсон ба нотавонии худ он амонатро бар душ гирифт, ки ҳароина, ӯ ситамкору нодон буд,
____________________
1. Ва он амонат иборат аст аз итоати фармонҳои Аллоҳ ва парҳез аз чизҳои ҳаром.
73.   то Аллоҳ мардони мунофиқу(1) занони мунофиқ ва мардони мушрику(2) занони мушрикро азоб кунад ва тавбаи мардони мӯъмину занони мӯъминро бипазирад, ки Аллоҳ омурзандаву меҳрубон аст, барои бандагоне, ки тавба мекунанд.(3)
____________________
1. Мунофиқ он касе аст, ки исломро зоҳир мекунад ва куфрро пинҳон медорад. 2. Мушрик он касе аст, ки дар ибодати Аллоҳ каси дигареро шарик меорад. 3. Тафсири Табарӣ 20 \ 343
Icon