Ва Ӯст, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид ва [пеш аз он] Арши Ӯ бар об буд, то шуморо биозмояд, ки кадоматон накукортаред. Ва агар [ба мушрикон] бигӯед: «Шумо пас аз марг барангехта мешавед», касоне, ки куфр варзиданд мегӯянд: «Ин [Қуръон чизе] нест, магар ҷодуе ошкор»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
7. Ӯст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид ва пеш аз ин Арши Ӯ бар рӯи об буд. То биёзмояд, кадоме аз шумо амалҳои некӯтарро анҷом медиҳад. Ва агар бигӯӣ, -эй Расул, - барои мушрикон, ки баъд аз марг зинда мешавед, албатта, ба дурӯғ баровардани ту мешитобанд ва мегӯянд, ки ин Қуръон ҷуз ҷодуи ошкор нест!(1)
____________________
1. Ва он амалест, ки холис барои Аллоҳ ва мувофиқ ба суннати Расули Аллоҳ саллаллоху алайҳи ва саллам бошад. Тафсири Ибни Касир 4\308
____________________
1. Ва он амалест, ки холис барои Аллоҳ ва мувофиқ ба суннати Расули Аллоҳ саллаллоху алайҳи ва саллам бошад. Тафсири Ибни Касир 4\308
الترجمة الطاجيكية
وَهُوَ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ فِي سِتَّةِ أَيَّامٖ وَكَانَ عَرۡشُهُۥ عَلَى ٱلۡمَآءِ لِيَبۡلُوَكُمۡ أَيُّكُمۡ أَحۡسَنُ عَمَلٗاۗ وَلَئِن قُلۡتَ إِنَّكُم مَّبۡعُوثُونَ مِنۢ بَعۡدِ ٱلۡمَوۡتِ لَيَقُولَنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا سِحۡرٞ مُّبِينٞ
Ӯст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид ва арши Ӯ бар рӯи об буд. То биёзмояд кадом як аз шумо ба амал некӯтар аст. Ва агар бигӯӣ, ки баъд аз марг зинда мешавед, кофирон гӯянд, ки ин ҷуз ҷодуии ошкор нест!
Tajik - Tajik translation