Ва агар мо азобашонро то чанд муддате ба таъхир андозем, албатта,[аз рӯйи тамасхур] мегӯянд: «Чи чизе монеъи [вуқуъи] он шуда аст?» Огоҳ бошед! Рӯзе, ки [азоб] ба суроғашон биёяд, аз онон бозгардонида нахоҳад шуд ва он чиро ба масхара мегирифтанд, домангирашон хоҳад шуд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
8. Ва агар муддати муайяне аз мушрикон азобашонро боздорем, масхаракунон мепурсанд: «чӣ чиз монеъи он шудааст?» Огоҳ бошед, чун азобашон фаро расад, онро бознагардонанд ва он чиро масхара мекарданд, ононро он азоб аз ҳар тараф дар бар хоҳад гирифт.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\254
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\254
الترجمة الطاجيكية
وَلَئِنۡ أَخَّرۡنَا عَنۡهُمُ ٱلۡعَذَابَ إِلَىٰٓ أُمَّةٖ مَّعۡدُودَةٖ لَّيَقُولُنَّ مَا يَحۡبِسُهُۥٓۗ أَلَا يَوۡمَ يَأۡتِيهِمۡ لَيۡسَ مَصۡرُوفًا عَنۡهُمۡ وَحَاقَ بِهِم مَّا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ
Ва агар чанд гоҳе азобашонро ба дер бияфканем, мепурсанд: «Чӣ чиз монеъи он шудааст?» Огоҳ бошед, чун азобашон фаро расад, онро бознагардонанд ва он чӣ масхарааш мекарданд, ононро дар бар хоҳад гирифт.
Tajik - Tajik translation