Ва Аллоҳ таоло масали [дигаре] задааст: ду мардро [фарз кунед], ки яке аз он ду лол аст ва ҳеҷ коре аз вай барнамеояд ва сарбори дӯсти худ мебошад, ҳар куҷо ӯро мефиристад, ҳеҷ хайре ба ҳамроҳ намеоварад [ва вазоифашро ба дурустӣ анҷом намедиҳад]; оё ӯ бо касе, ки ба адолат фармон медиҳад ва худ бар роҳе мустақим қарор дорад, баробар аст? [Пас, шумо мушрикон чи гуна қодири мутлақро бо бутҳои беэҳсоси нотавон яксон медонед?]
الترجمة الطاجيكية - عارفي
76. Ва Аллоҳ мисоли ду марди дигареро баён мекунад, ки яке гунг асту намефаҳмад ва фаҳмонида наметавонад ва бар ҳеҷ чиз қудрате надорад ва ӯ бар хоҷаи худ гарон аст, ҳар ҷо ки ӯро бифиристад, ҳеҷ фоидае ҳосил намекунад. Оё ин мард бо он кас, ки мардумро ба адл фармон медиҳад ва худ бар роҳи рост меравад, баробар аст? (Пас, чӣ гуна байни бутони гунгу кар ва байни Аллоҳи қодиру мунъим баробар медонед).(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\262
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\262
الترجمة الطاجيكية
وَضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلٗا رَّجُلَيۡنِ أَحَدُهُمَآ أَبۡكَمُ لَا يَقۡدِرُ عَلَىٰ شَيۡءٖ وَهُوَ كَلٌّ عَلَىٰ مَوۡلَىٰهُ أَيۡنَمَا يُوَجِّههُّ لَا يَأۡتِ بِخَيۡرٍ هَلۡ يَسۡتَوِي هُوَ وَمَن يَأۡمُرُ بِٱلۡعَدۡلِ وَهُوَ عَلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ
Ва Худо мисоли ду мардро баён мекунад, ки яке лол асту тавони ҳеҷ чиз надорад ва бори дӯши хоҷаи худ аст, ҳар ҷо, ки ӯро бифиристад, ҳеҷ фоидае ҳосил намекунад. Оё ин мард бо он кас, ки мардумро ба адл фармон медиҳад ва худ бар роҳи рост меравад, баробар аст?
Tajik - Tajik translation